Қарори суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 27 январи соли 2026 бо моддаи 90 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Қаландарзода Нозанин Абдуғаффор дар филиали ҶСК “Тоҷиктелеком” дар шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ 137, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда К.Л.М. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, бо моддаи 90 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳуқуқвайронкунанда К.Л.М. бархилофи талаботи банди 7 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал намуда, уҳдадории тарбиявии худро нисбат ба фарзанди ноболиғаш М.Х.Д., рӯзи таваллудаш 21 феврали соли 2009, ки хонандаи гуруҳи 29 ихтисоси “Дӯзанда”-и МДТ “Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад иҷро накардааст, ки дар натиҷа номбурда дар давоми нимсолаи якуми соли хониши 2025-2026 бе сабабҳои узрнок 246 соат ба муассиса барои таҳсил нарафтааст. Бинобар ин, нисбат ба К.Л.М. бо моддаи 90 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Дар маҷлиси судӣ ҳуқуқвайронкунанда К.Л.М. худро дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пурра гунаҳгор ҳисобида, аз суд хоҳиш кард, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ, суд, хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи К.Л.М., шахсияти ӯ, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба инобат мегирад.

Бо дарназардошти он, ки ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар руҳияи риояи бечунучарои қонунҳо тарбия кардани шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад, суд лозим медонад, нисбат ба К.Л.М. ҷазоро дар доираи санксияи моддаи 90 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намояд.

Дар натиҷа, бо қарори суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз 27.01.2026 сол, ҳуқуқвайронкунанда К.Л.М. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 780 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

 

Судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд                       Қаландарзода Нозанин Абдуғаффор