Ҳуқуқвайронкунанда Г.Ш.М. кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ майдаавбошӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халадор менамояд, дар ҳолатҳои зерин содир намудааст.
Ҳуқуқвайронкунанда Г.Ш.М. рӯзи 07 октябри соли 2025 тахминан соати 21:30 дақиқа дар ҷои ҷамъиятӣ назди даромадгоҳи бинои 89, маҳаллаи 32-и шаҳри Хуҷанд қарор дошта, бо шаҳрвандон – ҳамсоягон Т.Х.С., Ҳ.М.О. баҳсу муноқиша барангезонида, бо суханҳои қабеҳ дашном дода, шаъну шарафи онҳоро паст зада, лату кӯб намудааст ва бо ин кирдораш тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст.
Г.Ш.М. барои чунин кирдораш аз рӯи аломатҳои моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар ин бобат аз 30 октябри соли 2025 протокол тартиб дода шуда, аз 03 ноябри соли 2025 бо қарори муовини сардори ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба содир намудани кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Ҳуқуққвайронкунанда Г.Ш.М. дар маҷлиси судӣ оид ба содир намудани кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ майдаавбошӣ иқрор шуда, изҳор намуд, ки ҳоло аз кирдори содиргардида самимона пушаймон буда, хоҳиш менамояд, ки вазъи оилавӣ ва рафтори минбаъдаи ӯро ба эътибор гирифта, ҷазои нисбатан сабуктар таъин карда шавад.
Дар маҷлиси судӣ ҷабрдида Т.Х.С. хоҳиш намуд, ки ҳоло нисбати ҳуқуқвайронкунанда Г.Ш.М. бинобар узр пурсидани ӯ даъво надорад, ҷазои маъмурӣ дар доираи қонун таъин карда шавад.
Дар маҷлиси судӣ ҷабрдида Ҳ.М.О. ба суд баёнот дода, пурсид, ки ҳоло нисбати ҳуқуқвайронкунанда бинобар узр пурсидани ӯ даъво надорад ва ҷазои маъмурӣ дар доираи қонун таъин карда шавад.
Судя, далелҳои болоиро дар маҷмуъ бо дигар маводҳои парванда таҳқиқ намуда, баҳои ҳуқуқӣ дода, дар бораи пурра исбот шудани мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии майдаавбошӣ ва гунаҳгории ҳуқуқвайронкунанда дар содир кардани он ба хулоса меояд.
Судя, маҷмуи ҳолатҳои болоӣ–мавҷуд набудани ҳолатҳои истисноӣ, ки таъини ҷазои ҳабсиро талаб менамоянд, мавҷудияти ҳолатҳои сабуккунанда ва ҷой надоштани ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷавобгарӣ, тарзи содир намудани кирдор ва маълумотҳо дар бораи шахсияти ҳуқуқвайронкунандаро ба эътибор гирифта, нисбаташ таъин кардани ҷазои маъмурии нисбатан сабуктари ҷаримаро ба мақсад мувофиқ медонад.
Андозаи ҷаримаи маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда дар доираи санксияи қонун муқаррар карда мешавад.
Судя, чунин намуд ва андозаи ҷазоро зарур, кифоя ва сазовору одилона меҳисобад.
Дар натиҷа, бо қарори суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз санаи 17 ноябри соли 2025 ҳуқуқвайронкунанда Г.Ш.М. дар содир намудани кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 525 (панҷсаду бисту панҷ) сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин карда шудааст.
Судя Махкамзода М.М.