Қарори суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 16 феврали соли 2026 бо моддаи 329 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Муслибиддинзода Сомониддин Муслибиддин, дар бинои факултети санъати Донишгоњи давлатии шањри Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда Ф.Ш.П. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, бо моддаи 329 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳуқуқвайронкунанда Ф.Ш.П. санаи 05 феврали соли 2026 соати 19:18 дақиқа воситаи нақлиёти тамғаи «Опел Зефира» рақами қайди давлатиаш 02-46 КМ 02 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт бо ишорачӯб итоат накарда, ҳаракатро давом додааст. Бо ин ҳаракатњояш Ф.Ш.П. ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 329 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт, содир намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Ф.Ш.П. дар мурофиаи судӣ дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ худро пурра гунаҳгор шуморида, иброз намуд, ки санаи 05 феврали соли 2026 соати 19:18 дақиқа воситаи нақлиёти тамѓаи «Опел Зефира» рақами қайди давлатиаш 02-46 КМ 02 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт бо ишорачӯб итоат накарда, ҳаракатро давом додааст. Аз кирдори содирнамудааш софдилона пушаймонӣ изҳор намуда, қайд кард, ки ҳоло дар ягон ҷо кори доимӣ надорад, бинобар ин аз суд хоҳиш кард, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ, суд, хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи Ф.Ш.П., шахсияти ӯ, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба инобат мегирад.

Бо дарназардошти он, ки ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар руҳияи риояи бечунучарои қонунҳо тарбия кардани шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад, суд лозим медонад, нисбат ба Ф.Ш.П. ҷазоро дар доираи санксияи моддаи 329 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намояд.

Дар натиҷа, бо қарори суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз 16.02.2026 сол, ҳуқуқвайронкунанда Ф.Ш.П. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 329 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 234 (ду  саду сиву чор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

Судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Муслибиддинзода Сомониддин Муслибиддин