Қарори суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 12 марти соли 2026 бо моддаи 481 қисми 4 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Қосимӣ Суҳроб Содирзода, дар бинои факултети санъати Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда Р.С.Т. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, бо моддаи 481 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар мурофиаи судӣ муайян карда шудааст, ки ҳангоми гузаронидани рейди муштарак дар ҳайати мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросими МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, сармутахассиси бахши дин ва танзими ҷашну маросими МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ва кормандони шуъбаи шаҳрии РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян карда шудааст, ки рӯзи 16 феврали соли 2026 аз соати 18:00 то 20:00 дақиқа директори муассисаи таълимии буҷетии давлатии Русияву Тоҷикистон «Мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд ба номи А.П. Чехов» М.Н.Д. дар тарабхонаи GOLDEN FISH-и ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҷмааи Маҳастӣ» зодрӯзашро бо иштироки 12-нафар меҳмонон ҷашн гирифтааст. Мудири ҶДММ «Маҷмааи Маҳастӣ» зикргардида Р.С.Т. аз ҳолати дар тарабхона баргузор гардидани зодрӯзи М.Н.Д. огоҳ буда, вобаста ба ин ҳолат ба М.Н.Д. ва меҳмононаш шароит фароҳам оварда, баъд аз ба тарабхона ворид гардидани гуруҳи корӣ бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷашнгирии зодрӯз аз меҳмонон хоҳиш кардааст, ки туҳфаҳои овардаашонро аз тарабхона берун бароранд. Бинобар ин, нисбат ба шахси ҳуқуқӣ ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҷмааи Маҳастӣ» бо моддаи 481 қисми 4 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ин модда парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Дар маҷлиси судӣ мудири ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҷмааи Маҳастӣ» — Р.С.Т. худро дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қисман гунаҳгор ҳисобида, изҳор намуд, ки аз кирдори содиркардааш сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш кард, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад, зеро ӯ кирдори мазкурро қасдан содир накарда, танҳо бинобар бепарвоияш ба чунин кирдор даст задааст.

Дар асоси ҳолатҳои дар маҷлиси судӣ муқарраргардида, суд, кирдори Р.С.Т «Маҷмааи Маҳаст» дар шахсияти мудир Р.С.Т.-ро бо моддаи 481 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ҳунармандон, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхонаҳо) вайрон намудани тартиби хизматрасонии ҷашну маросим, аз ҷумла, оид ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо пешбинӣ менамояд, банду баст мекунад.

Ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ, суд хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба инобат мегирад.

Аз ҷониби ҶДММ «Маҷмааи Маҳастӣ» дар шахсияти мудир Р.С.Т. ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба тартиботи идоракунӣ содир шудааст.

Бо дарназардошти он, ки ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар руҳияи риояи бечунучарои қонунҳо тарбия кардани шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад, суд лозим медонад, нисбат ба Р.С.Т. ҷазоро дар доираи санксияи моддаи 481 қисми 4 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намояд.

Дар натиҷа, бо қарори суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз 12.03.2026 сол, ҳуқуқвайронкунанда Р.С.Т. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 117000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

Судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғдм Қосимӣ Суҳроб Содирзода