Амалҳои коррупсионӣ омили косташавии ҷомеа мегардад

            Санаи 28 майи соли 2019 бо иштироки кормандони дастгоҳи корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд вохўрии Раиси суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода М.Р. ва судяи суди шаҳри Хуҷанд Олимзода Р.Р. дар мавзўи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020» ва ҷашнҳои миллӣ баргузор гардид.

          Дар вохўрии мазкур Шарифзода М.Р. ва Олимзода Р.Р. вобаста ба мавзўи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020» баромад намуда ба ҳамагон оқибати даст задан ба ришваситонӣ ва гирифтани пора, ки барои он чазои ҷиноятӣ тибқи талаботи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, фаҳмонида доданд.

           Инчунин, иброз намуданд, ки баҳри дар назди ҷомеа дар симои худ баланд бардоштани эътибор ва обрў, боварии мардум ва қаноатмандии ҳар як шаҳрванди алоҳида, ки мунтазирона ба мо муроҷиат мекунад, вазифаи ҷиддӣ гузорем.

           Вобаста ба ҷашнҳои миллӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ низ суханронӣ намуда, иштирокчиёнро ба саҳмгузорӣ барои рушду нумуи кишвар ва пешрафти миллати худ ва ҳифзи боигариҳои таърихӣ даъват намуданд.