Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 23 августи соли 2025
Даъвогар Б.Ю.Х. нисбати ҷавобгар О.Л.Ҷ. оиди бекор кардани ақди никоҳ, бо даъво муроҷиат намуда, онро чунин асоснок намудааст, ки сабаби барҳам хӯрдани оилаи онҳо дар он будааст, ки байни ӯ ва ҷавобгар О.Л.Ҷ. аз рӯзи аввали оиладорӣ якдигарфаҳмӣ вуҷуд надоштааст. Ҷавобгар О.Л.Ҷ. беасос ҷангу ҷанҷол намуда, нисбати ӯ нописандӣ мекардаст ва ӯро ҳамчун шавҳар иззату ҳурмат намекардааст. Асоси cap задани ҷанҷоли оилавиашон дар он будааст, ки ҷавобгар моҳи декабри соли 2017 беасос бо ӯ ҷангу ҷанљол карда, фарзандонро гирифта, ба хонаи модараш худсарона қаҳр карда рафтааст. Баьди ингуна рафтори ҷавобгар аз нав барқарор шудани оилаи онњо ғайриимкон будааст. Бинобар ин, аз суд хоҳиш намудааст, ки ақди никоҳи байни ӯ ва О.Л.Ҷ. аз санаи 25 сентябри соли 2011 дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд, таҳти № 1217 ба қайд гирифта шудааст, бе додани муҳлати оштишавӣ бекор карда шавад.
Даъвогар Б.Ю.Х. дар мурофиаи судӣ аризаи даъвогиашро дастгирӣ накарда, баён намуд, ки айни замон ӯ бо ҳамсараш О.Л.Ҷ. оштӣ шуда, муносибати оилавиашонро барқарор намудааст ва ҳамроҳ якҷоя зиндагонӣ мекардаанд. Аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи даъвогиаш рад карда шавад.
Ҷавобгар О.Л.Ҷ. дар мурофиаи судӣ аризаи даъвогии даъвогарро эътироф накарда, баёнот дод, ки дар ҳақиқат ӯ бо даъвогар Б.Ю.Х. оштӣ шуда, якҷоя зиндагӣ доштаанд. Бинобар ин, аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи даъвогӣ рад карда шавад.
Аз баёнот, баромади тарафҳо ва маводҳои парванда, аз ҷумла, шаҳодатномаи қайди ақди никоҳ дида мешавад, ки тарафҳо бо ҳамдигар ақди никоҳ баста, оила барпо намуда, аз зиндагонии якҷоя соҳиби ду нафар фарзанд гардида, айни ҳол онҳо ноболиғ мебошанд.
Суд, ҳолатҳои боло, манфиати кӯдакони ноболиҳро ба инобат гирифта, ба хулоса омад, ки даъвои Б.Ю.Х. оиди бекор кардани ақди никоҳ, беасос мебошад, барои барқарор намудани оила имкониятҳо ҷой доранд. Бинобар ин, суд, рад намудани даъворо лозим мешуморад.
Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 23 августи соли 2025 даъвои Б.Ю.Х. бо ҷавобгарии О.Л.Ҷ. оид ба бекор кардани ақди никоҳ рад карда шудааст.
Судя Аслонзода С.Н.
Суди шаҳри Хуҷанд 