ҲАЛНОМАИ СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД АЗ САНАИ 11 МАРТИ СОЛИ 2026

Намояндаи ваколатдори ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» директори ФҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд бо аризаи даъвогии мазкур ба суд муроҷиат намуда, даъвояшро бо он асоснок кардааст, ки бо шаҳрванд М.Н.У. таърихи 19.11.2014 сол шартномаи кредитии №БРТ/06-002-0064\2КТ оид ба пешниҳоди маблағи қарзи бонкӣ ба андозаи 5000 доллари ИМА ба муҳлати 18 моҳ бо меъёри 30 % ба тавсиб расида, андозаи маблағи зикршуда ба охирон ҳамчун қарзгир аз ҷониби Бонк пешниҳод карда шуда будааст. Шаҳрванд М.Н.У. дар асоси шартномаи замонатии таҳти №БРТ/06-02-0064/2КТ/02 аз 19.11.2014 сол, дар амалиёти мазкур ҳамчун “Зомин” эътироф гардида, масъулияти иҷрои уҳдадории мазкурро тариқи муштарак бо қарзгир ба дӯши хеш гирифта будаанд. Гарчанде аз тарафи бонк якчанд маротиба ба унвони ҷавобгарон роҷеъ ба иҷрои талаботи шартномаҳои тарафайн ба тавсиф расида, муроҷиатҳои расмиву шифоҳи намудаанд, вале онҳо беэътиноӣ зоҳир намуда, аз иҷрои уҳдадориҳои хеш дар назди бонк бадқасдона саркашӣ намуда истодаанд, ки ҳамаи ҳаракатҳои татбиқшуда натиҷаи дилхоҳ надодааст. Бинобар ин, аз суд хоҳиш намудааст, ки аз ҳисоби М.Н.У. Б.М.Д. ба фоидаи ФҶСП «Бонки Рушди Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд маблағи қарзи асосӣ ва фоизҳои ҳисобшуда ба андозаи 5887 доллар 63 сенти ИМА, мутаносибан бо қурби асъори миллӣ дар 13.11.2025 сол, баробар ба 54651 сомонӣ 92 дирам ва маблағи боҷи давлатии пардохтшуда ба андозаи 273 сомонӣ 25 дирам рӯёнида шавад.

Намояндаи ваколатдори даъвогар дар муҳокимаи судӣ аризаи даъвогиро пурра дастгирӣ намуда, айнан ба мазмуни аризаи даъвогӣ баёнот дода, аз суд хоҳиш намуд, ки даъво қонеъ карда шавад.

Ҷавобгар М.Н.У. дар муҳокимаи судӣ аризаи даъвогиро қисман эътироф карда, аз суд хоҳиш намуд аризаи даъвогӣ қисман қонеъ карда шавад.

Ҳамҷавобгар Б.М.Д. ба маҷлиси судӣ бо сабабҳои ба суд номаълум ҳозир нашудааст, гарчанде бо таври дахлдор оиди вақт ва макони маҷлиси судӣ огоҳ карда шуда будааст. Аз ин рӯ, суд,  ба хулоса омад, ки дар асоси қисми 4 моддаи 170 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаро бе иштироки ҳамҷавобгар баррасӣ намояд.

Суд, муайян намуд, ки гарчанде дар шартномаи кредитии байни ФҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд ва М.Н.У. басташуда муҳлати баргардонидани кредит, фоизҳои хизматрасонӣ, ноустуворона пешбинӣ шуда бошанд ҳам, аммо М.Н.У. уҳдадориашро иҷро накарда, шартҳои шартномаро вайрон карда, дар муҳлати дар шартномаи кредитӣ пешбинишуда маблағи кредит ва фоизҳои ҳисобшударо пардохт накардааст, ки маблағи боқимондаи кредит 5887 доллар 63 сенти ИМА мутаносибан бо қурби асъори миллӣ дар рӯзи 13 ноябри соли 2025, 54651 сомонӣ 92 (наваду ду) дирамро ташкил додааст.

Аз ин р, суд ба хулоса омад, ки даъворо қонеъ намуда, аз ҳисоби М.Н.У. ва Б.М.Д. ба тариқи муштарак ба фоидаи ФҶСП «Бонки Рушди Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд маблағи қарзи асосӣ ва фоизҳои ҳисобшуда ба андозаи 5887 доллар 63 сенти ИМА мутаносибан бо қурби асъори миллӣ дар рӯзи 13 ноябри соли 2025, баробар ба 54651 сомонӣ 92 дирам рӯёнида шавад.

Дар натиҷа, бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 11 марти соли 2026, даъвои ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» дар шахсияти намояндаи ваколатдораш директори ФҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд бо ҷавобгарии М.Н.У. ва ҳамҷавобгар Б.М.Д. оид ба рӯёнидани маблағи қарзи бонкӣ ва фоизҳои ҳисобшуда қонеъ карда шуда, аз ҳисоби М.Н.У. ва Б.М.Д. ба тариқи муштарак ба фоидаи ФҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд маблағи боқимондаи кредит андозаи 5887 доллар 63 сенти ИМА, мутаносибан бо қурби асъори миллӣ баробар ба 54651 сомонӣ 92 дирам ва боҷи давлатии ба фоидаи давлат супоридашуда, ба андозаи 273 сомонӣ 25 дирам, рӯёнида шавад.

Судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

Мусоҷонзода Умед Мусоҷон