Қаллобе, ки худро корманди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд

Т.М.И. — бо мақсади ба озодӣ баровардани Қ.А., ки бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд аз 04.11.2008 сол бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,и” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷазои маҳруми аз озодӣ ба муҳлати 24 сол маҳкум гардида, дар муассисаи ислоҳии ЯС №3/3 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд адои ҷазо менамуд маълумотдор гардида, бо вуҷуди дар ягон мақомоти давлати кор накарданаш ба боварии Қ.Ҷ.А. даромада, нақшаи бо роҳи фиреб тасарруф кардани маблағҳои пулии охиронро тарҳрезӣ менамояд.

Т.М.И. бо ин мақсад тахминан моҳи майи соли 2015 худро ба Қ.Ҷ.А. ва наздиконаш корманди РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муаррифӣ карда ваъда медиҳад, ки ба воситаи шиносҳои дар мансабҳои баланди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриявӣ кор мекарда, падараш Қ.А.-ро ба озодӣ мебарорад.

Т.М.И. тибқи ин ваъдаи худ моҳи майи соли 2015 дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо А.А.Д., сокини шаҳри Душанбе, шинос шуда ба номбурда оиди ҳалли масъалаи Қ.А. муроҷиат кард.

А.А.Д. дидаю дониста, ки дар ягон мақомоти давлатӣ кор намекунад, ваколати аз муассисаи ислоҳии ЯС №3/3 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озодӣ баровардани Қ.А.-ро надорад, ба Т.М.И. худро корманди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуён ваъда медиҳад, ки бар ивази 35000 доллари ИМА Қ.А.-ро ба озодӣ мебарорад.

Бинобар ин Т.М.И. аз рӯи маслиҳати пешакии бо А.А.Д. кардааш ба К.Ҷ.А. ваъда медиҳад, ки бар ивази 35000 доллари ИМА ба воситаи шиносаш корманди Суди Олии Чумҳурии Тоҷикистон падараш Қ.А.-ро дар давоми 6 моҳ ба озодӣ мебарорад.

Кирдорҳои қаллобонаи Т.М.И. ва А.А.Д. ошкор гардида, бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 5 июни 2020 сол Т.М.И ва А.А.Д. дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Точикистон гунаҳгор дониста шудаанд.

Ба Т.М.И. бо моддаи 247 қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Точикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1460(якҳазору чорсаду шаст) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 84680 (ҳаштодучор ҳазору чорсаду шаст) сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, таъин карда шудааст.

Ба А.А.Д. бо моддаи 247 қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Точикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1500(якҳазору панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 87000 (ҳаштодуҳафт ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, таъин карда шудааст.