СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲҲОИ СУДҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Тибқи нақшаи машғулиятҳои семинарӣ бо судяҳои суди вилояти Суғд, Суди иқтисодии вилояти Суғд, Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои нимсолаи якуми соли 2026, санаи 29 майи соли 2026 дар суди шаҳри Хуҷанд машғулияти навбатии семинарӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар судяи суди шаҳри Хуҷанд Раҳимзод Сулаймон Карим дар мавзӯи «Моликияти муштараки зану шавҳар ва тартиби тақсими он (таҳлили ҳуқуқии моддаи 36 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 327 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон)» маърӯза намуд.

Зимни баромад маърӯзачӣ масъалаҳои марбут ба моликияти муштараки зану шавҳар, асосҳои ҳуқуқии ташаккул ва идораи он, тартиби тақсими молу мулки муштарак ҳангоми бекор гардидани ақди никоҳ, инчунин таҷрибаи татбиқи меъёрҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор дод. Ҳамзамон, вобаста ба татбиқи амалии моддаҳои мазкур ва баъзе масъалаҳои баҳсталаб дар фаъолияти судӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин, тибқи нақшаи машғулиятҳои семинарӣ бо кормандони дастгоҳи суди вилояти Суғд, Суди иқтисодии вилояти Суғд, Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои нимсолаи якуми соли 2026, дар ҳамин рӯз котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хуҷанд Хамидов Шамсиддин Сайфиддинович дар мавзӯи «Шарҳи боби 30 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тобеияти судӣ (моддаҳои 251260)» маърӯза намуд.

Дар рафти маърӯза масъалаҳои марбут ба тобеияти судии парвандаҳои ҷиноятӣ, салоҳияти судҳои гуногун ҳангоми баррасии парвандаҳо, тартиби муайян намудани тобеияти судӣ дар ҳолатҳои якҷоя намудани парвандаҳо, супурдани парванда аз як суд ба суди дигар ва дигар меъёрҳои пешбининамудаи моддаҳои 251–260 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Маърӯзачӣ махсусан таъкид намуд, ки мутобиқи талаботи моддаи 260 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳо байни судҳо оид ба тобеияти судӣ нораво буда, ҳар як парвандаи ҷиноятие, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз як суд ба суди дигар ирсол мешавад, бояд аз ҷониби суди қабулкунанда барои пешбурд бечунучаро пазируфта шавад.

Дар анҷоми машғулият иштирокчиён вобаста ба мавзӯъҳои матраҳгардида мубодилаи афкор намуда, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои муфассал гирифтанд.