ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ВАСЕИ СУДИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Санаи 14 майи соли 2026 ҷаласаи Раёсати васеи суди вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси Раёсати суди вилояти Суғд Рушанзода Суҳроб Рушан баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзоёни Раёсат, роҳбарият, судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар масъулин иштирок намуданд.


Ҷаласаи мазкур бо мақсади иҷроиши банди 29 нақшаи кории суди вилояти Суғд барои нимсолаи якуми соли 2026 доир гардида, дар он натиҷаи санҷиши фаъолияти судҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, ноҳияҳои Ҷ.Расулов ва Деваштич вобаста ба амалбарории адолати судӣ ва расонидани ёрии амалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳои корӣ вобаста ба фаъолияти судҳои зикршуда маърузаҳо пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, судяи суди вилояти Суғд Назарзода Н.О. оид ба фаъолияти суди шаҳри Хуҷанд дар назди Раёсати васеъ маъруза намуд.

Дар ҷаласа раиси суди шаҳри Хуҷанд, муовинони раиси суд ва судяҳои суди шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.
Зимни баррасии масъалаҳо аз ҷониби Раиси Раёсати суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда ва беҳтар намудани сифати амалбарории адолати судӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Аз рӯйи натиҷаи ҷаласа Қарори Раёсати васеи суди вилояти Суғд қабул гардида, ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Суди шаҳри Хуҷанд 