Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 20 апрели соли 2026 бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Судшаванда Х.Н.Т., нақшаи ҷинояти қаллобиро таҳрезӣ намуда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ моҳи июни соли 2025, дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор
Расулов, ҷамоати деҳоти Деҳмой, кӯчаи Ҳ.Ҳалимов бо шаҳрванд Ф.Х.Ш. вохӯрда, аз суханонаш оид ба он, ки шавҳараш Б.М.С. санаи 26.07.2024 сол бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд барои содир кардани ҷинояти моддаи 241 қисми 3 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол маҳкум шудааст ва дар ҷустуҷӯи шахсоне, ки қодири ҳалли ин масъала мебошад, маълумот пайдо кард. Сипас ӯ, дар ботини худ қасди бо роҳи қаллобӣ тасарруф кардани маблағҳои пулии Ф.Х.Ш.-ро тарҳрезӣ намуда, аз ин фурсати барояш муносиб истифода бурда, барояш ваъдаи бардуруғи тавассути шиносаш аз шаҳри Душанбе мусоидат кардан дар ивази ҷазо ва аз маҳбас озод кардани Б.М.С.-ро дода, барои ҳалли кор аз Ф.Х.Ш. талаби пешниҳоди маблағи калони пулиро намудааст. Ф.Х.Ш. бехабар аз мақсади ғаразноки Х.Н.Т., ба чунин ваъдаҳои бардурӯғ бовар карда, аз 01.06.2025 сол то моҳи сентябри соли 2025 дар суроғаи зисташ ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамоати деҳоти Деҳмой, кӯчаи Ҳ.Ҳалимов, хонаи №50, ҳуҷраи №29, ба Х.Н.Т. маблағи 100 000 сомониро медиҳад. Х.Н.Т. баъди бо роҳи қаллобӣ тасарруф кардани маблағи 100 000 сомонӣ, кирдорҳои ҷиноятиашро идома дода, бо ваъдаҳои бардурӯғи имрӯзу пагоҳ озод шудани шавҳараш Б.М.С., Ф.Х.Ш.-ро фиреб дода, барои боз ҳам бовар кунонидан ва тасарруфи маблағи пулии зиёд, шаҳрванд К.Л.З.-ро, ки наздаш бо автомашинааш тамғаи “Ренҷ Ровер Спорт” омада буд, бехабар аз номбурда, ки К.Л.З. доир ба ин киррдорҳои ҷиноятиаш хабару маълумот ва чунин қасди қаллобиро надошт, ба Ф.Х.Ш. ҳамчун корманди прокуратура ва шахсе, ки шавҳараш Б.М.С.-ро аз маҳбас озод менамояд ва рафиқаш Д.Ш.К-ро наздаш бо корҳои шахсиаш омада буд, бехабар аз номбурда, ки Д.Ш.К. низ ба ин кирдорҳои ҷиноятиаш хабару маълумот ва чунин қасди қаллобиро надошт, ҳамчун котиби прокурор муаррифӣ намуда, барои бо тези озод шудани шавҳараш аз маҳбас боз талаби додани маблағи пулиро кардааст. Ф.Х.Ш. бехабар аз мақсади ғаразноки Х.Н.Т., ба чунин ваъдаҳои бардурӯғаш бовар карда, аз моҳи сентябри соли 2025 то моҳи ноябри соли 2025 дар суроғаи зисташ ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамоати деҳоти Деҳмой, кӯчаи Ҳ.Ҳалимов, хонаи №50, ҳуҷраи №29 ба Х.Н.Т. қисм-қисм ҷамъ маблағи 64 000 сомониро додааст. Х.Н.Т. баъди бо роҳи фиреб ба даст овардани маблағи 164 000 сомонӣ, онҳоро ба эҳтиёҷотҳои худ масраф карда, ба Ф.Х.Ш. зарари махсусан калони моддиро расонида, ғайб задааст.
Такроран ӯ, кирдорҳои ҷинояткоронаашро идома дода, бо мақсади қаллобӣ 22 ноябри соли 2025 дар ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо шаҳрванд М.А.К. вохӯрда, оид ба он, ки номбурда дар масъалаи азқайдбарории автомашинаи боркашониаш тамғаи «Дэу- лабо», аз муоинаи техникӣ гузаронидани он ва масъалаи нобудсозӣ (утилизатсия) эҳтиёҷ дорад, фаҳмида, бо ваъда ва суханони бардурӯғи иҷрои ин корҳо ба бовариаш даромада, барои ҳалли кор талаби пешниҳод кардани маблағи 6150 сомониро намудаст. М.А.К. бехабар аз мақсадҳои ғаразноки Х.Н.Т., ба суханони бардурӯғаш бовар карда, 22.11.2025 сол дар ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барояш тариқи нақдӣ маблағи 4350 сомониро дода, 23.11.2025 сол тавассути корти «Душанбе сити бонк» ба корти бонкиаш таҳти рақами 070992121 маблағи 1800 сомонӣ гузаронидааст. Х.Н.Т. баъди бо роҳи фиреб ба даст овардани ҷамъ маблағи 6150 сомонӣ, ин маблағҳоро ба эҳтиёҷоташ сарф карда, ваъдаҳои додаашро иҷро нанамуда, ба М.А.К. зарари калони моддиро расонида, ғайб задааст. Х.Н.Т. ба чунин кирдорҳои ҷиноятиаш қаноатманд нашуда, ҳаракатҳои гайриқонуниашро идома дода, такроран бо мақсади қаллобӣ моҳи декабри соли 2025, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо шаҳрванд Ч.Л. вохӯрдааст. Зимни вохӯрӣ, ӯ оид ба он, ки Ч.Л. дар масъалаи ҳуҷҷатгузории автомашинаи хешовандаш тамғаи “Мерседес-бенс” рақами давлатиаш 9960 RR/02, аз муоинаи техники гузаронидани он ва масъалаи нобудсозӣ (утилизатсия) эҳтиёҷ дорад, фаҳмида, худро барояш ҳамчун корманди милитсия муаррифӣ карда, ваъдаи бардурӯғи бар ивази маблағи кам иҷрои ин корҳоро намудааст. Сипас ӯ, 17.12.2025 сол барои боз ҳам бовар кунонидани Ч.Л., ҳангоми дар манзили иҷоравии ҳамдеҳааш О.Б.Н. будан, бехабар аз номбурда, ки О.Б.Н. доир ба ин кирдорҳои ҷиноятиаш хабару маълумот ва чунин қасди қаллобиро надошт, баҳри амали мақсади ғаразнокаш, барои истифодабарӣ аз О.Б.Н. телефони мобилиашро гирифта, рақамҳои телефониашро дар телефони мобилии худ бо номи “Мурод РЭО вилоят” сабт карда, бо саҳифаи вотсапи телефони мобилии О.Б.Н. ба саҳифаи вотсапи худ смс паёмҳоро бо лаҳҷаи сокинони шаҳри Душанбе бо мазмуни он, ки О.Б.Н. корманди ШБДА буда, ин муроҷиатро баррасӣ мекунад ва арзиши иҷрои корро 4900 сомонӣ навишта, ин смс паёмҳоро ба таври скриншот кардан аксбардорӣ намуда, ба саҳифаи вотсапи Ч.Л. фиристонидааст. Баъдан ин смс паёмҳоро аз телефони мобилии О.Б.Н. тоза (удалит) карда, рақамҳои телефонии О.Б.Н.-ро ба Ч.Л. дода, хоҳиши ба ҳамин саҳифаи вотсап фиристонидани аксҳои шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиётц ва шиносномаи шахсеро, ки ҳуҷҷатгузории воситаи нақлиётӣ сурат мегирад, намуд. Ч.Л. бехабар аз мақсадҳои ғаразноки Х.Н.Т., ҳуҷҷатҳои гуфтаро фиристонид ва ӯ худ ҷавобан смс паёмро ирсол карда, талаби додани маблағи 4900 сомониро намуда, минбаъд аз саҳифаи интернетии вотсапи ҳамдеҳааш О.Б.Н. смс паёмҳоро тоза карда, бозпас телефонро барояш баргардонидааст. Баъдан Ч.Л. ба суханони бардурӯғи Х.Н.Т. бовар карда, барояш тариқи корти “Душанбе сити бонк” 17.12.2025 сол ба корти “Душанбе сити бонк” мансуб ба Х.Н.Т. таҳти рақами 92-639-33-36 маблағи 4900 сомониро гузаронидааст. Х.Н.Т. баъди бо роҳи фиреб ба даст овардани маблағи 4900 сомонӣ, ин маблағҳоро ба эҳтиёҷоташ масраф карда, ваъдаҳои додаашро иҷро нанамуда, ба Ч.Л. зарари калони моддиро расонида, ғайб задааст.
Судшаванда Х.Н.Т. доир ба айби ба ӯ эълон кардашуда бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда худашро пурра айбдор ҳисобида, аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Суд, кирдори судшаванда Х.Н.Т-ро бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ, такроран бо расонидани зарар ба шаҳрванд ба миқдори калон ва ба миқдори махсусан калон, банду баст менамояд.
Тибқи талаботи моддаи 60 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 2-и Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1 аз 24 феврали 2005 сол «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани асосҳои умумии таъини ҷазо» ҳангоми таъини ҷазо суд принсиппи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, фикру ақидаи ҷабрдидаро ба назар мегирад.
Тибқи талаботи моддаи-61-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо нисбати судшаванда Х.Н.Т. ин бори аввал содир намудани ҷиноят, ба гуноҳаш пурра иқрор будан, аз кирдори содирнамудааш самимона пушаймони изҳор карданро суд ба инобат мегирад.
Тибқи талаботи моддаи-62-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазои Х.Н.Т. ин бо мақсади ғаразнок содирнамудани ҷиноят мебошад.
Санксияи моддаи 247 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳои алтернативӣ: ҷарима ва маҳрум сохтан аз озодиро бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян пешбинӣ кардааст.
Мувофиқи талаботи қисми 2 моддаи 46 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав татбиқ мешавад.
Тибқи талаботи моддаи 49 қисми 6-7 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷинояти дар моддаи 245 (ба истиснои банди “а” қисми 4) 247 (ба истиснои банди “в” қисми 3 ва банди “а” қисми 4), ва 323, 340 қисмҳои 1 ва 2 кодекси мазкур пешбинишуда, агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофи намояд, нисбати ў ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озоди алоқаманднабудаи дар санксияи моддаи номбаршуда пешбинигардида таъин карда мешавад.
Дар маҷлиси судӣ муайян гашт, ки аз ҷониби судшаванда зарари дар натиҷаи кирдори ҷиноятии содиршуда ба ҷабрдидаҳо Ф.Х.Ш. ва Ч.Л. то айни замон барқарор карда нашудааст. Аз ин рӯ, суд нисбати судшаванда Х.Н.Т. дар доираи санксияи моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро мувофиқи мақсад мешуморад.
Тибқи талаботи банди 1 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1 аз 24.02.2005 сол “Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани асосҳои умумии таъини ҷазо”-диққати судҳо ба он бояд ҷалб карда шавад, ки судҳо бояд ҷазоро дар доираи пешбиникардаи моддаи қонуне, ки ҷавобгариро барои содир кардани ҷиноят пешбинӣ намудааст, мувофиқан аниқ аз рўи қоидаҳои КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуда, вазифадоранд онро ба асос гиранд, ки ҷазо натанҳо чораи маҷбуркунии давлатист, балки он бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ҳамчунин ислоҳи маҳкумшуда ва пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав чӣ аз тарафи маҳкумшудаҳо ва чӣ аз тарафи шахсони дигар, татбиқ карда мешавад.
Тибқи талаботи банди 6 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 29-уми майи 2003 сол, таҳти №11 “Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо таъин намудани ҷазоҳои иловагӣ» -Мутобиқи моддаи 50 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар ҳолати аз тарафи шахс содир шудани ҷинояти марбут ба иҷрои вазифаҳо аз рўи мансаб ё машӣул будан бо фаъолияти муайян, суд вазифадор аст, ки характери ҷинояти содиршударо ба назар гирифта, масъалаи маҳрум кардани судшаванда аз ҳуқуқи ишӣоли вазифаҳои муайян ё машӣул шудан бо фаъолияти муайянро муҳокима намояд.
Ҳолате, ки судшаванда то лаҳзаи баровардани ҳукм аллакай вазифаеро ишғол намекард ё ба фаъолияте машғул набуд, ки содиршавии ҷиноят ба онҳо вобастагӣ дошт, барои татбиқи ҷазои иловагии зикргардида монеъ шуда наметавонад.
Маҷмуъи ҳолатҳои парвандаро баҳо дода, суд лозим донист, ки нисбати судшаванда Х.Н.Т. ҷазои иловагӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои масъулияти пулию моддӣ дошта дар корхона ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият таъин намояд.
Тибқи сархати 5 қисми 3 моддаи 78 (далелҳои шайъӣ) КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ба миён омадани баҳс оид ба мансубияти ашё баҳс бояд бо тартиби мурофиаи судии маданӣ ҳал карда шавад.
Тибқи талаботи моддаи 336 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд дар масъалаи мукаллафии судшаванда Х.Н.Т. ягон шакку шубҳа пайдо накард.
Суд, масъалаи зарари моддии ба ҷабрдидаҳо расонидашударо мавриди муҳокима қарор дода, аз ҳисоби судшаванда ба манфиати ҷабрдидаҳо рӯёнидани онҳоро зарур мешуморад.
Дар натиҷа, бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 20 апрели соли 2026 судшаванда Х.Н.Т. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, дар асоси ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 (нуҳ) солу 6 (шаш) моҳ бо нигоҳ доштан дар калонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои масъулияти пулию моддӣ дошта дар корхона ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ба муҳлати 4 (чор) сол таъин карда шудааст.
Чораи пешгирӣ нисбати Х.Н.Т. дар ҳабс нигоҳ доштан бетағйир мононда шавад.
Саршавии адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати Х.Н.Т. аз 27 январи соли 2026 ба ҳисоб гирифта шуда, аз ҳисоби маҳкумшуда Х.Н.Т. маблағи зарар ба фоидаи ҷабрдидаҳо Ф.Х.Ш. ба маблағи 164 000 сомонӣ ва Ч.Л. ба маблағи 4 900 сомонӣ, рӯёнида шудааст.
Далели шайъӣ: варақаҳои смс паёмҳо аз саҳифаи интернетии вотсап ба номи «Пракрори В.Суӣд» иҷронамуда, иқтибос аз пардохти 1800 сомонии электронӣ тавассути “Душанбе сити бонк”, иқтибос аз пардохтҳои 2500 сомонӣ ва 3000 сомонӣ тавассути “Душанбе сити бонк”, варақаҳои смс паёмҳо аз саҳифаи интернетии вотсап бо номи бардуруғи “Мурод РЭО и Вилоят” иҷронамуда, расиди электронии 4900 сомонӣ тавассути «Душанбе сити бонк” гузаронида ва маьлумотнома рўйхати зангҳои воридотиву содиротӣ, дар қабати маводҳои парванда нигоҳ дошта шаванд.
Судяи суди шаҳри Хуҷанд Аслонзода Сорбон Низомиддин
Суди шаҳри Хуҷанд 