МИЗИ МУДАВВАР ДАР СУДИ ВИЛОЯТИ СУҒД БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

30 апрели соли равон дар толори суди вилояти Суғд мизи мудаввар бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, судяҳо ва намояндагони мақомоти судии вилоят иштирок намуданд. Дар қатори иштирокчиён инчунин Раиси суди шаҳри Хуҷанд Мирзохомидзода Д. низ ҳузур доштанд.

Ҷаласаро Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. ифтитоҳ намуда, аҳамияти таърихии истиқлолият ва нақши он дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёдро таъкид намуданд. Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ва қонунгузории миллӣ ташаккул ёфта, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин гардидааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бобоҷонзода И.Ҳ. ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қодирзода Т.Қ. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, масъалаҳои рушди қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нақши қонунҳои миллӣ дар ҷомеаро баррасӣ карданд.

Раиси суди шаҳри Хуҷанд Мирзохомидзода Д. зимни иштирок дар ҷаласа таъкид намуданд, ки таҳкими низоми судӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз вазифаҳои муҳими мақомоти судӣ ба ҳисоб рафта, ҳамаи кормандонро зарур аст, ки дар таҳкими волоияти қонун ва ҳифзи адолат саҳми арзанда гузоранд.

Дар фарҷом иштирокчиён аҳамияти чунин чорабиниҳоро дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд баланд арзёбӣ намуда, ба ташкилкунандагон изҳори сипос карданд.