ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ САҲА ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ ВА ВОЛОИЯТИ ҚОНУН
28 апрели соли 2026 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрии судманд бо намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовинони раиси суди вилояти Суғд — Зарифӣ Фахриддин Наҷмиддин ва Раҳматиллозода Мафтуна, инчунин судяҳои суди вилояти Суғд — Аҳмадзода Фирӯза ва Набизода Наргиса Ҳаким иштирок намуданд. Ҳамзамон, раиси суди шаҳри Хуҷанд Мирзоҳомидзода Диловар, муовини раиси суди шаҳри Хуҷанд Сафарзода Файзиддин Давлат ва сардори шуъбаи таъмини ташкили кори судҳои вилояти Суғд Шоҳзода И.Н. низ дар чорабинӣ ҳузур доштанд.
Мавзӯи асосии вохӯрӣ баррасии самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ ва барномаҳои ислоҳоти ҳокимияти судӣ буд. Дар рафти мулоқот байни иштирокчиён ва намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА — мутахассис оид ба масъалаҳои волоияти қонун дар бахши ченаки инсонӣ, Люк Митон, мубодилаи афкор ва саволу ҷавобҳои судманд сурат гирифт.
Зимни муҳокима, масъалаҳои марбут ба таҳкими волоияти қонун, такмили фаъолияти судҳо ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ мавриди баррасии амиқ қарор дода шуданд. Вохӯрӣ дар фазои созанда ва ҳамкории мутақобилан судманд баргузор гардида, барои густариши робитаҳои минбаъда заминаи мусоид фароҳам овард.
Суди шаҳри Хуҷанд 