СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲҲОИ СУДҲО

 

Санаи 27 феврали соли 2026 дар маҷлисгоҳи суди вилояти Суғд семинари омӯзишии соҳавӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р., раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П., муовинони раис ва судяҳои суди вилояти Суғд, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, инчунин кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд. Дар семинари мазкур судяи суди шаҳри Хуҷанд Саидзода Илҳом Ҳамид доир ба мавзӯи навбатии семинарӣ «Баҳсҳо вобаста ба ҳуқуқи кӯдак барои муошират бо падару модар ва дигар хешу ақрабо, муқаррар кардани ҷои зисти фарзанд» баромади пурмӯҳтаво намуданд.

Инчунин кормандони дастгоҳи суди шаҳру ноҳияҳои вилоят баромадҳо ва мубоҳиса оид ба мавзӯъҳои мубрам баргузор карданд.