Баргузории чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз ҷониби кормандони суди шаҳри Хуҷанд

Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Бонки “Эсхата”, аз ҷониби муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷӯрахон Қурбоналӣ, дар мавзӯи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори шуъбаи коргузорӣ Муқимзода Мадина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва котиби маҷлиси судӣ Мараҷабов А.А. дар мавзуи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», бо ҳайати кормандони ташкилоти мазкур баромаду вохӯрӣ гузаронида шуд.