Вохӯрию суҳбатҳо бо сокинони маҳаллаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бобати Паёми солона ва самти истифодаи дурусту самараноки неруи барқ бо риояи қатъии муқаррароти қонунгузори дар низоми энергетикӣ

Рӯзи 18 декабри соли равон Муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷурахон Қурбоналӣ ва судяи суди шаҳри Хуҷанд Қосимӣ Сӯҳроб Содирзода ба мақсади таъмини иҷрои супориши протоколии маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2025 таҳти №3 ва супориши Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тодикистон дар самти пурзӯр намудани назорат ва пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар низоми энергетикӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии маҳаллаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд доир ба риояи қатъии муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифодаи дурусту самараноки неруи барқ ва Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар вохӯрию суҳбатҳо гузарониданд.