Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 30 сентябри соли 2025  бо моддаи 212 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судшаванда А.В.Г. рӯзи 10 июли соли 2025 тахминан соати 13:00 дақиқа дар роҳи мошингарди Хуҷанд, кӯчаи Себзори шаҳри Хуҷанд воситаи нақлиёти тамҳаи «Опел Астра» аломати қайди давлатиаш 81-42 МА 02-ро тахминан бо суръати 50 км соат ҳаракат карда, қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, бо қисми пеши автомашинааш пиёдагарди ноболиғ, ки роҳи автомобилгарди мазкурро аз тарафи чап ба тарафи рост убур мекард, пахш мекунад, дар натиҷаи ҳодисаи мазкур садамаи нақлиёти рух дода, пиёдагарди ноболиғ ба замин ғалтида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ таҳти №1116 аз 30 июли соли 2025 ҷароҳатҳои бардоштаи Ф.Х.А. дар намуди осеб муштарак, шикасти пӯшидаи қисми мобайни калитак аз тарафи рост бо истоди қаноатбахш, осеби пӯшидаи косахона ва майнаи cap, ларзиши майнаи cap, лати бофтаҳои мулоим ва харошаи доираи пешона лат ва ёзиши пайвандакҳои буғуми зонуи рост, гемартрози буғуми зонуи рост бо аломати вайроншавии саломатӣ (зиёда аз 21 шабонарӯз) ҳамчун зарари миёна ба саломатӣ расонидашуда мансуб дониста шудааст.

Дар мурофиаи судӣ судшаванда А.В.Г. худро дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳгор ҳисобида, аз кардааш самимона пушаймонӣ изҳор намуда, маҷбурӣ набудани эътирофи худиқрориашро тасдиқ карда, аз таҳқиқи далелҳо даст кашида, тибқи талаботи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суд пурсид, ки тафтиши судӣ бо тариқи соддакардашуда гузаронида шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ ва намояндаи ҷабрдида Ф.Х.М. бо дархости мазкур розӣ шуда, аз суд пурсиданд, ки мурофиаи судӣ бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ гузаронида шавад. Ҳамчунин, намояндаи ҷабрдида Ф.Х.М. ба суд баён кард, ки ӯ нисбат ба судшаванда А.В.Г. ягон даъво надорад, бинобар ин нисбати номбурда ҷазои сабук таъин карда шавад.

Суд, ба гуноҳи худ пурра иқрор будани судшаванда А.В.Г.-ро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 212 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷбурӣ набудани эътирофи худиқрориашро баҳо дода, ба тарафҳо оқибати даст кашидан аз таҳқиқи далелҳоро, ки боиси бо ин асосҳо имконнопазирии пешниҳод намудани арзу шикоят мегардад, фаҳмонида, дар мувофиқа бо онҳо тибқи талаботи моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши судиро бо тартиби соддакардашуда гузаронидану хатмшуда эълон кардани тафтиши судӣ ва ба музокираи судӣ гузаштанро мувофиқи мақсад донист.

Инчунин, суд, ба мукаллафии судшаванда А.В.Г. шубҳа надорад.

Ҳангоми таъини ҷазо суд хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳоеро, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, ба назар мегирад.

Инчунин, суд, онро ба назар мегирад, ки ҷинояти содиршуда ба категорияи ҷиноятҳои начандон вазнин мансуб буда, он ба муқобили бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёт равона карда шудааст.

Суд, бо назардошти ҳолатҳои сабуккунандаи ҷинояти содиршуда, ки ба категорияи ҷинояти начандон вазнин дохил мешавад, даъво надоштани ҷабрдида, инчунин, ҳолатҳои мушаххаси кор, оқибатҳои ҷинояти содиршуда ва шахсияти судшавандаро ба инобат гирифта, мавҷуд набудани ҳолатҳои вазнинкунандаро мавриди муҳокима қарор дода, ба хулоса омад, ки бе ҷудо намудани судшаванда аз ҷамъият ислоҳшавиаш имконпазир аст ва нисбат ба ӯ таъин намудани ҷазои ҷаримаро мувофиқи мақсад ҳисобид.

Хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти аз тарафи судшаванда содиршуда ва шахсияти ӯро ба инобат гирифта, суд лозим донист, ки нисбати ӯ ҷазои иловагиро бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт таъин намояд.

Дар натиҷа, бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 30 сентябри соли 2025 судшаванда А.В.Г. дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 212 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 7500 (ҳафт ҳазору панҷсад) сомонӣ ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати як сол, таъин карда шудааст.

Чораи пешгирӣ нисбат ба А.В.Г. дар намуди забонхат оиди тарк накардани маҳалли истиқомат то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм бетағйир мононида шуда, баъд аз он бекор карда шудааст.

 

Судя Мусоҷонзода У.М.