Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 01 октябри соли 2025
Намояндаи ваколатдори ҶСК ТАҚХ «Ҳумо» бо аризаи даъвогии мазкур ба суд муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш кардааст, ки аз ҳисоби ҷавобгар Б.Б.С. маблағи қарз, фоизҳои ҳисобгашта ва ноустуворона (ҷарима) ба маблағи умумӣ 91718,06 (наваду як ҳазору ҳафтсаду ҳаждаҳ) сомонӣ 06 (сифр шаш) дирам, маблағи қарзи боқимондаи умумӣ ба миқдори 22400 (бисту ду ҳазору чорсад) сомонӣ 03 (сифр се) дирам, маблағи қарзи асосӣ 19474 (нуздаҳ ҳазору чорсаду ҳафтоду чор) сомонӣ 82 (ҳаштоду ду) дирам, маблаҳи фоизҳои ҳисобшуда ба миқдори 49844 (чилу нуҳ ҳазору ҳаштсаду чилу чор) маблағи ноустуворона, ҷарима мебошад ба фоидаи ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи М.Аминзода 31, рӯёнида шавад. Аз ҳисоби ҷавобгар Б.Б.С. ба фоидаи ҶСП ТАҚХ «Ҳумо” боҷи давлатии пардохткардашуда ба маблағи 458 (чорсаду панҷоҳу ҳашт) сомонӣ 60 (шаст) дирам ситонида шавад.
Намояндаи ваколатдори ҶСП ТАҚХ «Ҳумо” дар муҳокимаи судӣ аризаи даъвогиро дастгирӣ намуда, айнан ба мазмуни аризаи даъвогӣ баёнот дода, хоҳиш намуд, ки даъво қонеъ карда шавад.
Ҷавобгар Б.Б.С. дар мурофиаи судӣ даъворо қисман эътироф карда, аз суд хоҳиш кард, аризаи даъвогии даъвогар қисман қонеъ карда шуда, ӯ аз пардохти ҷаримаҳои ҳисобшуда озод карда шавад.
Суд, маводҳои парвандаи маданиро омӯхта, баёноти намояндаи ваколатдори даъвогарро санҷида, ба онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода, ба чунин хулоса омад.
Суд, муайян намуд, ки гарчанде дар шартномаи қарзии (оферта)-и байни ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» ва Б.Б.С. басташуда муҳлати баргардонидани қарз ва фоиз, пешбинӣ шуда бошад ҳам, аммо қарзгиранда Б.Б.С. уҳдадориашро иҷро накарда, шартҳои шартномаро вайрон карда, дар муҳлати дар шартнома пешбинишуда маблағи қарзи асосӣ, фоизҳои ҳисобшуда ва ноустуворонаро пардохт накардааст. Бинобар ин, суд, лозим донист, даъвои ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» нисбати Б.Б.С. оиди рӯёнидани маблағи қарзи асосӣ, фоизҳои ҳисобгашта ва ноустуворонаро қисман қонеъ намояд.
Дар асоси ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 01 октябри соли 2025 аризаи даъвогии намояндаи ваколатдори ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» нисбати Б.Б.С. оиди рӯёнидани маблағи қарзи асосӣ, фоизҳои ҳисобгашта ва ноустуворона қисман қонеъ карда шуда, аз ҳисоби ҷавобгар Б.Б.С. ба фоидаи ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” дар шаҳри Хуҷанд боқимонда маблағи қарзи асосӣ ба андозаи 22400 (бисту ду ҳазору чорсад) сомонӣ 03 (сифр се) дирам, фоизҳои ҳисобшуда ба маблағи 19474 (нуздаҳ ҳазору чорсаду ҳафтоду чор) сомонӣ 03 (сифр се) дирам, ноустуворона ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ, ҷамъ 46 874 (чилу шаш ҳазору ҳаштсаду ҳафтоду чор) сомонӣ 06 (сифр шаш) дирам рӯёнида шудааст.
Инчунин, аз ҳисоби ҷавобгар Б.Б.С. ба фоидаи ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” дар шаҳри Хуҷанд боҷи давлатии пардохткардашуда ба маблағи 458 (чорсаду панҷову ҳашт) сомонӣ 60 (шаст) дирам рӯёнида шудааст.
Судя Мусоҷонзода У.М.
Суди шаҳри Хуҷанд 