Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 21 октябри соли 2025

Даъвогар Р.Ҷ.Қ. ба суд бо аризаи даъвогӣ оиди зиёд намудани маблағи алимент нисбат ба Д.Ҳ.Ш. муроҷиат намуда, дар он зикр намудааст, ӯ бо ҷавобгар аз санаи 28 сентябри соли 2012 дар қайди ақди никоҳи қонунӣ буда, аз зиндагии якқояашон соҳиби як нафар фарзанд: Д.Я.Ҳ., соли таваллудаш 05.08.2015 гардидаанд. Бинобар сабаби мувофиқ наомадани хислатҳояшон ақди никоҳи байни ӯ ва ҷавобгар дар асоси ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 01 июни соли 2022 бекор карда шудааст. Дар асоси ҳалномаи суди шаҳри Панҷакент аз 06 апрели соли 2017 аз ҳисоби Д.Ҳ.Ш. ба фоидаи ӯ барои таъминоти фарзанди ноболиғашон Д.Я.Ҳ., соли таваллудаш 05 августи соли 2015, алимент ба тариқи устувор ҳар моҳ ба андозаи 160 (яксаду шаст) сомонӣ аз 06 марти соли 2017 сар карда, то ба балоғат расидани кӯдакашон ситонида шудааст. Сабаби ба суд бо аризаи даъвогӣ “оиди зиёд намудани алимент барои таъминоти фарзанд” муроҷиат намуданаш дар он будааст, ки дар шароити имрӯза барои ӯ таъмин намудани ҳамаи талаботи фарзандаш хеле душвор гардидааст, зеро бинобар баланд шудани нархи хӯрокаву, либосҳои мавсимии кӯдакон, маблағи алименте, ки аз ҷониби ҷавобгар пардохт шуда истодааст, дар шароити имрӯза хело кам будааст. Фарзандашон рўз аз рўз ба воя расида истода, талаботи ҳаррӯзааш низ зиёд шуда, ба замми ҳамаи ин фарзандашон бемор ва ҳам маъюб буда, барои табобат ва муолиҷааш маблағҳои зиёд сарф мешудааст.

Ҷавобгар ба ғайр аз 160 сомонӣ маблағи алимент дигар ба фарзандаш ягон намуд ёрӣ намерасонидааст. Айни замон, барои ӯ таъминоти фарзандаш  дар танҳої мушкил будааст, зеро вазъи молу мулкиаш на он қадар хуб буда, аз ҳамин сабаб маҷбур шудааст, ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад. Фарзанди бемору маъюбаш пурра дар таъминот ва тарбияи ӯ қарор дошта, барои таъмин, нигоњубин ва тарбияи фарзандаш  маблағи зиёд сарф кардааст. Ӯ айни замон дар Федератсияи Руссия қарор дошта, ягон кори муайян надоштааст ва ягон сарчашмаи даромад низ надоштааст, таъминоти худаш ва фарзанди ноболиғи маъюбашро бо ёрдами падару модараш карда истода будааст. Маблағи алименти пардохтнамудаи ҷавобгар, гарчанде пурра барои хароҷоти фарзандашон сарф шавад ҳам, аммо барои таъминоти кӯдак намерасидааст ва ҷавобгар ба ғайри алимент дигар намуд ёрӣ намерасонидааст. Бинобар ҳамин, ӯ маҷбур шудааст ба суд оиди зиёд намудани маблағи алимент муроҷиат намояд. Аз суд хоҳиш кардааст, ки маблағи алименти дар асоси ҳалномаи суди шаҳри Панҷакент таъингардида зиёд карда шуда, аз ҳисоби ҷавобгар ба фоидаи ӯ барои таъминоти фарзанди ноболиғаш ҳар моҳ ба маблағи 600 сомонӣ то ба балоғат расидани фарзандаш алимент рӯёнида шавад.

Намояндаи ваколатдори даъвогар Р.Ҷ.Қ.-Ғ.У.П. дар маҷлиси судӣ талаботи аризаи даъвогиро дастгирӣ намуда, ба монанди аризаи даъвогӣ баёнот дода, аз суд хоҳиш кард, ки аризаи даъвогӣ қонеъ карда шавад.

Ҷавобгар Д.Ҳ.Ш. талаботи аризаи даъвогиро қисман эътироф карда, аз суд хоҳиш кард, аризаи даъвогии даъвогар қисман қонеъ карда шавад.

Суд, баёноти намояндаи даъвогар ва ҷавобгарро шунида, далелҳои дар парвандаи оилавӣ чамъовардашударо аз рӯи ҷоизӣ, дахлдорӣ, саҳеҳии ҳар як далелро дар алоҳидагӣ, инчунин, басандагӣ ва алоқаи мутақобилаи ин далелҳоро дар маҷмуъ баҳо дода, ба чунин хулоса омад.

Суд, вазъи моддию оилавии тарафҳо, манфиати фарзанди ноболиғ, муҳтоҷ будан ба кӯмаки мутақобила, ёрдами ҳарду нисбат ба ҳамдигар, иштироки воқеии ҷавобгар дар таъмин ва тарбияи фарзанд, хароҷоти воқеӣ барои таъминоти фарзанди ноболиғ, эҳсос намудани тарбия, таъминоти фарзанд ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷуҳро ба назар гирифта, ба хулоса омад, ки аризаи даъвогӣ, қисман қонеъ карда шавад.

Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 21 октябри соли 2025 аризаи даъвогии Р.Ҷ.Қ. дар намояндагии Ғ.У.П. ба ҷавобгарии Д.Ҳ.Ш. оиди зиёд намудани маблағи алимент қисман қонеъ карда шуда, андозаи алименте, ки дар асоси ҳалномаи суди шаҳри Панҷакент аз 06 апрели соли 2017 аз ҳисоби Д.Ҳ.Ш. ба фоидаи Р.Ҷ.Қ. барои таъминоти фарзанди ноболиғашон Д.Я.Ҳ., 05 августи соли 2015 санаи таваллудаш, ҳар моҳ ба маблағи 160 (яксаду шаст) сомонӣ то ба синни балоғат расиданаш ситонида шудааст, тағйир дода шуда, ба маблағи 240 (дусаду чил) сомонӣ зиёд карда шудааст.

Аз ҳисоби Д.Ҳ.Ш., санаи таваллудаш 19 июли соли 1987, ба фоидаи Р.Ҷ.Қ. барои таъминоти фарзанди ноболиғашон Д.Я.Ҳ., 05 августи соли 2015 санаи таваллудаш, ҳар моҳ бо тариқи устувор ба маблағи 400 (чорсад) сомонӣ то ба синни балоғат расиданаш аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома сар карда, алимент ситонида шудааст.

Баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи мазкур истеҳсолотҳои иҷроишӣ оид ба рӯёнидани алимент тибқи ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 06 апрели соли 2017 аз ҳисоби Д.Ҳ.Ш. ба фоидаи Р.Ҷ.Қ. барои таъминоти фарзандаш Д.Я.Ҳ., 05 августи соли 2015 санаи таваллудаш, ҳар моҳ ба тариқи маблағи устувор ба андозаи 160 (яксаду шаст) сомонӣ то ба синни балоғат расиданаш, дар истеҳсолоти иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Хуҷанд қатъ карда шуда, аз ҳисоби Д.Ҳ.Ш. ба фоидаи давлат боҷи давлатӣ ба маблаҳи 57 (панҷову ҳафт) сомонӣ 60 (шаст) дирам рӯёнида шудааст.

 

 

Судя Мусоҷонзода У.М.