Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 292 апрели соли 2025 бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «б,в» ва 340 қисми 2 бандҳои «б,в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судшаванда А.Ф.Р. тибқи фармони директори ҶСШК “Хоҷа Халил” аз 01.09.2021 сол, дар вазифаи фурӯшанда, дар мағозаи комиссионии №14, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19 кор ва фаъолият карда, 19 июли соли 2024, дар ҳудуди маҳаллаи 19 шаҳри Хуҷанд, бо шиносаш Б.Р.Ҷ., вохӯрдааст. Сипас, ба ӯ маълум гардидааст, ки Б.Р.Ҷ. мақсади аз муоинаи техникӣ гузаронидани воситаи нақлиётиаш тамғаи “Мерседес-Бенс 211” рақами давлатиаш ТҶ 1111 VO/02 ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои онро дорад. А.Ф.Р. аз ин фурсати муносиб истифода бурда, худро дар гузаронидани муоинаи техникии автомашинаҳо ва ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқдиҳандаи он, ҳамчун шахси қодир муаррифӣ карда, бо сӯиистифода аз боварӣ, барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани муоинаи техникии автомашина, 2000 сомонӣ талаб намудааст. Б.Р.Ҷ. бехабар аз мақсади қаллобонаи ӯ, рӯзи 19.07.2024 сол, соати 11:47 дақиқа, дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19, наздикии бинои ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, 1200 сомониро тариқи ҳамёни мобилӣ таҳти рақами 928827171 ба ҳамёни электронии А.Ф.Р., таҳти №926080009 гузаронида, 800 сомониро нақд додааст. А.Ф.Р. маблағҳои пулиро гирифта, тибқи маслиҳати пешакӣ бо “Ҷ.” ном шахс, дар ҷои номаълум ҳуҷҷатҳои мансуб ба муоинаи техникии воситаи нақлиётро омода карда, бо тарзи сканеркунонӣ аз истифодаи таҷҳизоти компютерӣ, баргаки муоинаи техникӣ таҳти №0303422 аз 19.07.2024 сол ва барои пардохти андоз, расиди бонки давлатии “Амонатбонк”, таҳти амалиёти №87457541 аз 19.07.2024 солро сохтакорона тартиб додаанд. Рӯзи 21.07.2024 сол А.Ф.Р. дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19, наздикии бинои ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо Б.Р.Ҷ., ки дар бораи сохтакорона тартиб дода шудани ҳуҷҷатҳо бехабар буд вохӯрда, ин ҳуҷҷатҳои сохтаашонро пешниҳод карда, маблағҳои бо роҳи фиреб ба дастовардаашро ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст. Бо ин кирдораш судшаванда А.Ф.Р. ба Б.Р.Ҷ. зарари ҷиддии моддӣ расонидааст.

Инчунин, А.Ф.Р. санаи 19.07.2024 сол бо шиносаш Б.Р.Ҷ. вохӯрда, ба ӯ маълум гардидааст, ки Б.Р.Ҷ. бо мақсади аз муоинаи техникӣ гузаронидани воситаи нақлиёташ тамғаи “Мерседес-Бенс 211” рақами давлатиаш ТҶ 1111 VO/02 ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқдиҳанда ба ШБДА Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муроҷиат намуда истодааст. Сипас, ӯ, худи ҳамон рӯз, дар назди бинои ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, воқеъ дар суроғаи маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд, худро дар гузаронидани муоинаи техникии автомашинаҳо ва ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқдиҳандаи он, ҳамчун шахси қодир муаррифӣ карда, 2000 сомонӣ талаб намуда, 1200 сомониро тариқи ҳамёни мобилӣ таҳти № 928827171 ба ҳамёни электронии худ, таҳти №926080009 ва 800 сомонӣ нақд гирифтааст. Пас аз гирифтани маблағҳои пулӣ А.Ф.Р. тибқи маслиҳати пешакӣ бо “Ҷ” ном шахс, рӯзи 19.07.2024 сол, дар ҷои номаълум, бо тарзи сканеркунонӣ аз истифодаи таҷҳизоти компютерӣ, баргаки муоинаи техникӣ таҳти №0303422 аз 19.07.2024 сол ва барои пардохти андоз расиди бонки давлатии “Амонатбонк” таҳти рақами амалиёт 87457541 аз 19.07.2024 солро сохтакорона тартиб дода, онро рӯзи 21.07.2024 сол, дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19, наздикии бинои ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ба Б.Р.Ҷ., ки оид ба ин ҳолат бехабар будааст, пешниҳод кардааст. Рӯзи 15.12.2024 сол аз ҷониби кормандони ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд автомашинаи тамғаи “Мерседес-бенс 211” рақами давлатиаш ТҶ 1111 VO/02  дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров боздошт гардида, ҳолати сохтакории баргаки муоинаи техникӣ ва расиди бонки давлатии “Амонатбонк” ошкор карда шудааст.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-криминалистӣ таҳти №97 аз 20.02.2025 сол, баргаки муоинаи техникӣ таҳти рақами 0303422 аз 19.07.2024 сол ва расиди бонки давлатии “Амонатбонк” таҳти № амалиёт 87457541 аз 19.07.2024 сол бо тарзи сканеркунонӣ ва истифодаи таҷҳизоти компютерии ранга, бе риоя кардани талаботи технологии давлатӣ тайёр ва сохта шудааст.

Судшаванда А.Ф.Р. дар маҷлиси судӣ бо айби ба ӯ бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «б,в» ва 340 қисми 2 бандҳои «б,в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардашуда худашро пурра гунаҳгор ҳисобида, аз кардааш изҳори пушаймонӣ карда, аз суд хоҳиш кард, ки ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо ба инобат гирифта шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи сабук таъин карда шавад.

Суд, ҳангоми таъини ҷазо ҳамаи ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкундаро бо дарназардошти хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда ва шахсияти судшаванда, ки ба гуноҳаш иқрор аст, аз кирдораш пушаймон аст, зарари ба ҷабрдида расонидашуда пурра барқарор карда шудааст, ба инобат гирифта, ба хулоса омад, ки нисбати судшаванда А.Ф.Р. ҷазо дар раводиди моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «б,в» ва 340 қисми 2 бандҳои “б,в”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди ҷарима таъин намояд.

Суд, ҳамчунин, дар асоси талаботи қисми якуми моддаи 336 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мукаллафии судшаванда А.Ф.Р.-ро муҳокима намуда, ба мукаллафии судшаванда шубҳа надорад.

Дар натиҷа бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 29 апрели соли 2025 А.Ф.Р. дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои  247 қисми 2 бандҳои «б,в» ва 340 қисми 2 бандҳои “б,в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудааст.

Ба А.Ф.Р. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 (сесаду шасту панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 26280 (бисту шаш ҳазору дусаду ҳаштод) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунандаи ҷавобгарии моддӣ дошта дар муассисаҳои давлатӣ ба муҳлати як солу шаш моҳ, таъин карда шавад.

Бо моддаи 340 қисми 2 бандҳои “б,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 (сесаду шасту панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 26280 (бисту шаш ҳазору дусаду ҳаштод) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад.

Дар асоси қисми 2 моддаи 67-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо, бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда, ҷазои ниҳоӣ  ба А.Ф.Р. ҷарима ба андозаи 400 (чорсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 28800 (бисту ҳашт ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуќи ишғоли мансабои роҳбарикунандаи ҷавобгарии моддӣ дошта дар муассисаҳои давлатӣ ба муҳлати як солу шаш моҳ таъин карда шудааст.

 

 

Судя Абдуҳамидзода В.А.