Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 24 январи соли 2025 бо моддаи 200 қисми 3 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Судшаванда Д.Д.Т. бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, 07 октябри соли 2024 бо шахси ба мақомоти амнияти миллӣ мусоидаткунанда маслиҳати пешакӣ намудаанд. Шахси мусоидаткунанда барои ошкор намудани ҳаракатҳои ҷинояткорона ва муайян намудани шарикони ҷиноятии «Д. ном шахс» сокини шаҳри Хуҷанд, бо хоҳиши худаш ба гуруҳи ҷиноятпеша барои харидории санҷишӣ ба муҳити Д.Д.Т. воридсозии оперативӣ гардидааст. Д.Д.Т. ва шахси мусоидаткунанда барои харидории воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” маслиҳати пешакӣ намудаанд.
7 октябри соли 2024 тахминан соатҳои 20:00 дақиқа, Д.Д.Т. бо шахси мусоидаткунанда дар ҳудуди маҳаллаи 31 шаҳри Хуҷанд вохӯрда, маблағи 5500 сомониро гирифта, ваъда додааст, ки пас аз чанд лаҳза воситаи нашъадори «ҳашиш» оварда медиҳад. Худи ҳамон шаб Д.Д.Т. дар маҳаллаи 31-и шаҳри Хуҷанд, наздикии тарабхонаи «М» бо Д.Д.Т. вохўрда, барои бар ивази маблаѓи 5500 сомонӣ харидорӣ намудани воситаҳои нашъадори навъи «ҳашиш» созиши ҷиноятӣ бастаанд. Д.Д.Т. дар навбати худ аз шахсе, ки қисми маводҳои парванда ҷиноятӣ нисбаташ ҷудо карда шудааст, як миқдор воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”-ро гирифта, як миқдорашро барои истеъмоли худаш нигоҳ дошта, боқимондаашро дар назди дӯкони тарбузфурӯшони маҳаллаи 31 шаҳри Хуҷанд ба Д.Д.Т. додааст. Д.Д.Т. дар навбати худ аз рӯи маслиҳати пешакӣ воситаҳои нашъадори овардаи Д.Д.Т.-ро ба шахси мусоидаткунанда супоридааст.
Боз 10.10.2024 сол тахминан соатҳои 23:00 шахси мусоидаткунанда бо Д.Д.Т. дар назди дӯкони тарбузфурӯшони ҳудуди маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд вохӯрдааст ва Д.Д.Т. аз номбурда маблағи 2500 сомониро гирифта, ваъда додааст, ки пас аз чанд лаҳза воситаи нашъадори «ҳашиш» оварда медињад. Сипас Д.Д.Т. дар суроғаи мазкур бо Д.Ҷ.Д. вохӯрда, хоҳиши ба ӯ дастрас намудани 25 грамм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”-ро кардааст. Дар натиҷа Д.Ҷ.Д. ќайд кардааст, ки бар ивази 1500 сомонӣ воситаи нашъадор ёфта медиҳад. Баъдан Д.Ҷ.Д. аз шахсе, ки қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ ҷудо карда шудааст, як миқдор воситаи нашъадори навъи «ҳашиш»-ро гирифта, ба Д.Д.Т. додааст. Д.Д.Т. дар навбати худ аз рӯи маслиҳати пешакиашон воситаҳои нашъадори овардаи Д.Љ.Д.-ро ба шахси мусоидаткунанда супоридааст. Дар навбати худ шахси мусоидаткунанда воситаи нашъадори аз Д.Д.Т. гирифтаашро ба кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар вилояти Суғд супоридааст.
Мувофиқи хулосаи эсперт маводи фишурдашудаи ранги сабзи сиёҳчатоб ва бӯйи махсус дошта, ки бо вазни 41,84 грамм ва 18,20 грамм ба ташхиси судӣ-кимиёвӣ пешниҳод шудааст, воситаи нашъадори растанигии навъи “ҳашиш” буда, вазни умумии воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” дар маҷмуъ 60,04 граммро ташкил додааст.
Судшавандагон Д.Д.Т. ва Д.Ҷ.Д. дар муњокимаи судӣ бо айби ба онҳо бо моддаи 200 қисми 3 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонкардашуда худашонро қисман гунаҳгор ҳисобида, аз кирдори содиркардаашон сидқан пушаймон шуда, изҳор намуданд, ки дар оянда ба чунин кирдор даст намезананд. Аз суд хоњиш намуданд, ки нисбаташон ҷазои сабук таъин карда шавад.
Суд, ҳангоми интихоби намуд ва андозаи ҷазо нисбат ба судшавандагон Д.Д.Т. ва Д.Љ.Д. дар асоси талаботи моддаи 60 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгорон, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, нақш ва рафтори онҳо, ҳолатҳое, ки ҷазои судшавандагон Д.Д.Т. ва Д.Ҷ.Д.- ро сабук ва вазнин мекунанд, ба инобат гирифта, ба хулоса омад, ки нисбат ба Д.Д.Т. ва Д.Ҷ.Д. дар доираи санксияи моддаи 200 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намояд.
Дар натиҷа, бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 24.01.2025 сол судшавандагон Д.Д.Т. ва Д.Ҷ.Д. дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 200 қисми 3 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо дар асоси ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати даҳ сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр, таъин гардид.
Бо дастрасии моддаи 67 қисми 6 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи пурра зам кардани ҷазои бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 22 октябри соли 2024 бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъингардида, нисбат ба Д.Ҷ.Д. ҷазои нињоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати даҳ сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр ва ҷарима ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба панҷоҳу чор ҳазору чорсад сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин карда шуда, дар асоси қисми 2 моддаи 69 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои нисбат ба Д.Ҷ.Д. дар намуди ҷарима ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба панҷоҳу чор ҳазору чорсад сомонӣ ба фоидаи давлат таъингардида, мустақилона ба иҷро расонида шудааст.
Судя Дустзода М.Т.