Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 04 апрели соли 2025 бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «а,б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судшаванда М.К.Б. дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ задааст.

Чунончӣ, ӯ аввалҳои моҳи ноябри соли 2024 бо мақсади  қаллобӣ, яъне бо роҳи фиреб тасарруф намудани молу ғайр, бо ҳаммаслаки худ маслиҳати тасарруфи маблағҳои шаҳрвандон, бо истифода аз интернетро кардаанд. Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи таҳрезинамудаашон дар шабакаи иҷтимоии «Instagram» бо логини «nasibaxon-smile» саҳифаро ба қайд гузошта, дар шабакаи иҷтимоии зикргардида рекламаи бардурӯғ оиди бо «Криптовалюта» фаъолият доштанашонро паҳн карда, шаҳрвандонро ба ин гуруҳ бо мақсади зиёд намудани маблағҳои пулӣ ҷалб намудаанд. Аз ҷониби судшаванда М.К.Б. ба номи шањрванд Ҳ.Н.А. аз рақамҳои телефони мобилии ширкати «Tcell» +992773106945 ҳамёни электронии ҶСП «Душанбе Сити Бонк», ки номбурда оиди ба номаш мавҷуд будани ин ҳамёнро огоҳ набуд омода карда шуда, минбаъд маблағҳои пулии шаҳрвандонро ба воситаи ҳамёни зикргардида тасарруф намуда, ба манфиати шахсии худ истифода мебурдаанд.

Санаи 28.11.2024 сол тахминан соати 15:00 ҷабрдида М.Р.Р. аз профили шахсии худ, ки дар шабакаи иҷтимоии «Instagram» бо логини муайян, ки саҳифаи мазкур аз тарафи судшаванда М.К.Б. ва ҳаммаслаки ӯ истифода бурда мешудааст, ҳамсуҳбат шудаанд. Судшаванда ва ҳаммаслаки ӯ бо бањонаи барномаи «Binance» зиёд намудани маблағҳои пулиро ба љабрдида Ҳ.Н.А. ваъда карда, бо ин роҳ ба боварии номбурда даромадаанд. Ҷабрдида Ҳ.Н.А. ба ин ваъдаҳои бардурӯғи судшаванда М.К.Б. ва ҳаммаслаки ӯ бовар карда, санаи 28 ноябри соли 2024 маблаѓи пулӣ ба андозаи сад сомонӣ, санаи 29 ноябри соли 2024 шашсад сомонӣ, санаи 30 ноябри соли 2024 як ҳазору сесад сомонӣ, санаи 1 декабри соли 2024 як ҳазору шашсад сомонӣ ва санаи 3 декабри соли 2024 панҷоҳ  сомонӣ, дар маҷмуъ се ҳазору шашсаду панҷоҳ сомонӣ ба суратҳисоби ҳамёни электронии ҶСП «Душанбе Сити Бонк» раќамњои +992773106945, ки ин рақамҳо аз ҷониби судшаванда М.К.Б. ва ҳаммаслаки ӯ истифода бурда мешуд, интиқол менамояд. Маблағҳои пулии зикргардида,  аз ҷониби судшаванда М.К.Б. ва ҳаммаслаки ӯ тасарруф карда шудаанд, ки дар натиҷа  ба ҷабрдида Ҳ.Н.А. зарари ҷиддӣ расонида шудааст.

Чунин кирдори худро судшаванда М.К.Б. санаи 30.11.2024 сол, санаи 01.12.2024 сол, санаи 02.12.2024 сол, такрор намуда, ба шаҳрвандон зарари ҷиддии моддӣ расонидааст.

Судшаванда М.К.Б. дар рафти мурофиаи судӣ бо айби ба ӯ эълонкардашуда худашро пурра гунаҳгор ҳисобида, аз кирдори содиркардааш сидқан пушаймонӣ изҳор намуд.

Суд, дар вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо нисбати судшаванда М.К.Б. принсипи фардикунонии ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содиршавии ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо, талаботҳои Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2010, №33 «Дар бораи ҳукми судӣ»-ро ба инобат гирифта, ба хулоса омад, ки бо баназар гирифтани шахсияти ӯ, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо, ҳамчунин дар асоси талаботи моддаҳои 49 ва 58 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазоро бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «а,б,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти ба молию пулӣ алоқаманддошта таъин намояд.

Дар натиҷа, бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 04 апрели соли 2025 судшаванда М.К.Б. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «а,б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобњо баробар ба бисту шаш ҳазору дусаду ҳаштод сомонӣ ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти молию пулӣ алоқаманддошта  ба муҳлати ду сол таъин гардид.

 

 

Судя Саидзода И.Ҳ.