Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд нисбати Холов Аъзамджон Баладжонович, Азизов Бахтиёр Бадриддинович ва Раҳимов Фирдавс Абдуллоевич дар содир намудани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор

Санаи 01 июли соли 2021 ҳукми суди шаҳри Хуҷанд нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Холов Аъзамджон Баладжонович, Азизов Бахтиёр Бадриддинович ва Раҳимов Фирдавс Абдуллоевич дар содир намудани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор даст задаанд, баромад.

Холов Аъзамджон Баладжонович тахминан миёнаҳои моҳи январи соли 2021 аз шахси ба тафтишоти пешакӣ номаълум 479,1 грамм воситаи нашъадори навъи ҳашишро, ки миқдораш начандон калон мебошад ғайриқонунӣ соҳиб шуда, бо мақсади ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додан бо худ нигоҳ дошта, санаи 21 январи соли 2021 дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо харидори шарти бо номи «Ҳ» вохурда, ба номбурда бар ивази 6500 (шаш ҳазору панҷсад) сомонӣ 78 грамми онро додааст. Инчунин ӯ 24 январи соли 2021 боқимонда миқдори 401,1 грамм воситаи нашъадори навъи ҳашишро тариқи автомашинаи кироя аз шаҳри Душанбе то шаҳри Хуҷанд ғайриқонунӣ интиқол намуда, онро худи ҳамон рӯз дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров назди гардиш ба шаҳри Бӯстон кӯчаи К.Хуҷандӣ ба харидори шартӣ бо номи «Ҳ» бар ивази 13000 (сенздаҳ ҳазор) сомонӣ додааст.

Холов А.Б. такроран аввали моҳи феврали соли 2021 дар қаҳвахонаи «Бешаи Палангҳо», воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Қаҳҳоров бо шаҳрвандон Азизов Бахтиёр Бадриддинович ва Раҳимов Фирдавс Абдуллоевич вохурда, оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба миқдори калон маслиҳати пешакӣ намудаанд. Дар асоси ин маслиҳат Азизов Б.Б. тавассути шабакаи иҷтимоии «ИМО» ба «Илҳом» ном шахс, ки дар маҳбаси Федератсияи Руссия қарор дорад ба алоқа баромада, оид ба дарёфт намудани воситаи нашъадор маслиҳат намуд. Дар асоси ин маслиҳат Илҳом ном шахс тариқи шабакаи иҷтимои «Вотсап» бо Миров Муқим Аслонович бо тахаллуси «Кафтарча» ба алоқа баромада, Азизов Б.Б.-ро низ ба алоқаи телефониашон ҳамроҳ карда, Азизов Б.Б., Миров М.А. ва «Илҳом» тариқи телефон якҷоя маслиҳат намуда, байни худ оид ба фурӯш баровардани 5 кг воситаҳои нашъдор бо арзиши ҳар як килограмми он ба маблағи 1500 сомонӣ маслиҳати пешакӣ намуданд. Дар рафти ин гуфтугӯи Миров М.А. ба Азизов Б.Б. супориш додааст, ки воситаи нақлиёти худро дар назди масҷиди кӯчаи Каленини шаҳри Душанбе бурда монад, шахси бовариноки ӯ воситаи нашъадорро дастрас мекунад. Оид ба ин маслиҳати Азизов Б.Б. ва Миров М.М., ҳаммаслаконаш Холов А.Б. ва Раҳимов Ф.А., ки он ҷо буданд, хабардор шудаанд.

Аз рӯи супориши Миров М.А. амал намуда, Холов А.Б., Азизов Б.Б. ва Раҳимов Ф.А. санаи 02 феврали соли 2021 воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота Камри» рақами давлатиаш ТҶ 70-07 OD 01-ро ба назди масҷиди кӯчаи Каленини шаҳри Душанбе бурда, онҷо гузоштанд.

Санаи 03 феврали соли 2021 Миров М.А. ба Азизов Б.Б. хабар додааст, ки воситаи нақлиётро аз ҷои қаблан гузоштааш гирад, зеро шахси бовариноки ӯ воситаи нашъадорро дар дохили автомашина гузоштаанд. Холов А.Б., Азизов Б.Б. ва Раҳимов Ф.А. автомашинаи мазкурро аз назди масҷиди кӯчаи Каленини шаҳри Душанбе гирифта, онро то автовокзали хиёбони Рӯдакӣ истгоҳи автомашинаҳои самти вилояти Суғд мерафта, идора мекунанд ва дар он ҷой Холов А.Б. аз бағоҷи автомашинаи мазкур 1940,8 грамм воситаи нашъадори навъи афюн ва 2918 грамм воситаи нашъадори навъи ҳашишро, ки миқдораш калон буда, дар дохили халтаи селофанӣ ҷойгир карда шуда буд, гирифта, ба он ғайриқонунӣ соҳиб шуда, бо мақсади онро ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додан бо худ нигоҳ дошта, бо автомашинаи кирокаш ғайриқонунӣ то Хуҷанд интиқол додааст. Азизов Б.Б. ва Раҳимов Ф.А. бошанд то ба даст овардани маблағи воситаи нашъадор ба Миров М.А. ҳамчун гарав барои воситаи нашъадор автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри»-ро бо супориши охирон ба назди масҷиди кӯчаи Каленини шаҳри Душанбе идора карда бурда гузоштаанд.

Холов А.Б. тибқи маслиҳати пешакии бо шариконаш карда, санаи 03 феврали 2021 сол, 1940,8 грамм воситаи нашъадори навъи афюнро дар ҳудуди маҳаллаи 19 шаҳри Хуҷанд ба соҳибияти харидори шарти бо номи «Ҳ» бар ивази 35000 (сию панҷ ҳазор) сомонӣ ғайриқонунӣ додааст.

Инчунин Холов А.Б. кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, санаи 04 феврали соли 2021 тибқи маслиҳати пешакии бо шариконаш карда, дар назди боғи истироҳатии «Камоли Хуҷанди»-и шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар кӯчаи С.Раҷабов ба соҳибияти харидори шартӣ бо номи «Ҳ», 2020 грамм воситаи нашъадори навъи «хашиш”-ро ғайриқонунӣ додааст.

Ҳамчунин, Холов А.Б. санаи 05 феврали соли 2021 дар ҳудуди қаҳвахонаи Адибон-и шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар кӯчаи С.Раҷабов бо харидори шартӣ бо номи «Ҳ» вохӯрда, бар ивази 40000 (чил ҳазор) сомонӣ ба соҳибияти ӯ 898 грамм воситаи нашъадори навъи ҳашишро ғайриқонунӣ додааст. Холов А.Б. 40000 сомониро ба ҳаммаслакони худ Азизов Б.Б. ва Раҳимов Ф.А. ба шаҳри Душанбе ирсол намудааст, то ки онҳо ин маблағи пулиро ба Миров М.А. дода, автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри»-ро гиранд. Санаи 06 феврал соли 2021 Раҳимов Ф.А. якҷоя бо Азизов Б.Б. 40000 сомонии Холов А.Б. ирсол қардаашро бо супориши тариқи телефон додаи Миров М.А. ба «Муҳаммад» ном шахс медиҳад. Бо мақсади аз гарав гирифтани автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» Раҳимов Ф.А. санаи 07 феврали соли 2021 аз шиносҳояш 15000 сомонӣ қарз гирифта, якҷоя бо Азизов Б.Б. ин маблағи пулиро ба шахси тавсия додаи Миров М.А., ки шахсияташ аниқ, карда нашудааст, дар ҳудуди шаҳри Душанбе дода, автомашинаи мазкурро мегиранд ва рӯзи дигар бо автомашинаи мазкур ба шаҳри Хуҷанд меоянд. Санаи 09 феврали соли 2021 Холов А.Б., Азизов Б.Б. ва Раҳимов Ф.А. аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шудаанд.

Бо хукми суди шаҳри Хуҷанд аз 01 июли соли 2021 Холов Аъзамджон Баладжонович бо бандҳои “а.в.г.” қисми 3 моддаи 200 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизов Бахтиёр Бадриддинович ва Раҳимов Фирдавс Абдуллоевич бо бандҳои “в.г” қисми 3 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбати онҳо бо ин модда ҷазоҳои зерин таъин карда шудааст:

­   Ба Холов Аъзамджон Баладжонович ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати даҳ сол дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр;

­    Ба Азизов Бахтиёр Бадриддинович ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати нуҳ сол дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр;

Ба Раҳимов Фирдавс Абдуллоевич ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати нуҳ сол дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр.

Суди шаҳри Хуҷанд.

(*истифодаи тамоми маълумотҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешаванд)