Тамошои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парламенти кишвар ҳамчун барномаи таҳлилӣ ва муайянсозандаи рушди нумӯи самтҳои асосии сиёсати давлат ба пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ нақши муассир дорад.
Имрўз, дар толори бинои суди шаҳри Хуҷанд бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.