ПОЯГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ
Ҳамасола санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар рӯзҳои вазнину парешонӣ барои халқи тоҷик роҳбаре насиб гардид, ки бо кирдору амалҳои нек тавонист мардуми парешонро муттаҳид, сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги хонумонсӯз хотима диҳад. Дар натиҷаи талошҳои пайдарпайи Пешвои миллат тӯли 30 сол тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.
Дар лаҳзаи тақдирсози Ватан – Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардиданд ва бо ҳамин тақдирашонро як умр ба тақдири халқу Ватани хеш пайвастанд.
Дар солҳои Истиқлолият Тоҷикистон ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмон ва бунёди шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳову нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварро куллан тағйир доданд.
Бо назардошти ҳамаи ин нишондиҳандаҳо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 11 – уми декабри соли 1999 барои хизматҳои бузург дар барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ, хизматҳои барҷаста дар рушду инкишофи Истиқлолияти Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонид.
Тавассути заҳматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ гашт. Аз ин лиҳоз, заҳматҳои Пешвои миллат аз ҷониби тамоми халқу миллатҳои кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳақ пазируфта шуда, оламиён тавассути баромаду пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ бо халқи тоҷик ошноӣ пайдо карданд. Миллати тоҷик ба шарофати расидан ба соҳибистиқлолӣ 30 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.
Муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳи оҳан, бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург, таҷдиди хоҷагии кишоварзӣ ва дигар дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои дигари ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳими сӣ соли Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад.
Давлати тоҷикон дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем.
Саидшозода Зафар Сафаралӣ,
муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанд