Ҳокимияти судӣ — кафили ҳуқуқу озодиҳо
«Барои давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар мақоми баланди ҳокимияти судӣ дар ҷомеа хос аст, зеро суд арзишҳои олӣ-инсон ва ҳуқуқу озодиҳое, ки вазифаи муқаддаси давлат аст риоя ва ҳифз менамояд. Баробари дигари шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад».
Эмомалӣ Раҳмон
Имрўз, дар суди шаҳри Хуҷанд бахшида ба рўзи кормандони мақомоти судӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст, Роҳбарияти суд кулли кормандонро бо иди касбӣ – Рўзи кормандони мақомоти суд самимона табрик намуда, барояшон сарбаландию некномӣ, тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, хонаи обод, хушбахтӣ ва дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои беназирро таманно намуданд.
Инчунин, судяҳои суди шаҳри Хуҷанд ва кормандони дастгоҳи суд ҳозиринро бо Иди касбиашон табрику таҳният намуда, барояшон тансиҳативу зиндагии осуда ва дар адои вазифаҳои басо пурмасъулашон муваффақиятҳо таманно намуданд.
Дар фарҷом номаи табрикотии мақомотҳои дигари давлатӣ ба саҳми ҳозирин расонида шуда, зикр гардид, ки бигзор Ватани азизамон боз ҳам обод, мардуми кишварамон шоду масрур ва зиндагию рўзгор тинҷу осоишта бошад.
Иди касбӣ барои ҳар як корманди мақомоти суд муборак бошад!