Конститутсияи даврони истиқлоли мо
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 27-соли сипаригардида чун асноди ҳуқуқӣ ба давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявии миллати тоҷик пояи устувор ниҳода, ба рушди ҷомеаи навини имрӯзаи мо боис гардидааст.
Чунончӣ дар боби як (Асосҳои сохтори коститутсионӣ) моддаи якум дарҷ гардидааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ҳамзамон дар ҳамин бобу модда зикр шудааст, ки «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.»
Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ ба ифтихори 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ ибрози назар карданд, ки «…Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушди тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.»
Агар аз сисолаи тайнамудаи Истиқлолияти миллӣ нигарем ҳақиқати ин гуфтаҳои Пешвои миллатро рашан дарк месозем. Яъне барқароршавии ягонагиву ваҳдати миллат, ободиву осудагии ҳаёти шаҳрвавдон дар дохили кишвар, болоравии сатҳи зиндагии мардум ва эътирофи кишварҳои абарқудрати Аврупо ва Осиё Тоҷикистонро чун давлати мустақилу ҳуқуқбунёд ва амсоли ин ҳақиқати ҳолро ифода доранд.
Қабули Конститутсия дар таърихи халқу давлатҳои мутараққӣ нақши муҳими сиёсӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин радиф барои давлати соҳибистиқлоли мо низ рӯйдоди муҳими таърихӣ ба шумор меравад. Тавассути он асосҳои сохтори конститутсионӣ муайян шуда, ҳокимияти давлатӣ таҳким ёфта, вазъи мӯътадилу амнияти ҷомеа таъмин меёбад.
Дар баробари ин чун дурнамои ҳаёти ҷомеа пешрафти минбаъдаи мамлакатро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ менамояд. Аз ин сабаб талаботу меъёрҳои он бояд аз ҷониби шаҳрвандон риоя гардад. Эҳтироми ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз пеш аз ҳама дар ҳамин ҳолат зоҳир мегардад, яъне иҷроиши ҳатмии талаботу меъёрҳои қонун, ки дар умум манфиати ҳар яки моро дар ҳар бобу моддаҳо инъикос кардааст.
Дар фарҷом бамаврид аст қайд намоям, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шаҳрванди бонангу орро ба худшиносиву ватандӯстӣ ҳидоят менамояд.
ҲУСЕЙНЗОДА ФИРДАВС ЛАТИФӢ,
СУДЯИ СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД