НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ НАВИН
Истиқлолият маҳсули тафаккури озодихоҳонаи миллат буда, нафақат ба давлату миллат соҳибихтиёрӣ медиҳад, инчунин ҷомеаро аз назари иҷтимоӣ – сиёсӣ такомул медиҳад. Ҳақиқати суханонро метавон дар мӯҳлати сисолаи тайшудаи мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида намуд.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хатаре дошт барои истиқлолияти навоғози миллати тоҷик. Аммо бахти мардуми мо баландӣ кард, ки ба майдони сиёсат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид гардид. Бо кӯшишу ҷонбозиҳои пайвастаи ҳамин марди матин ва қавиирода ба ҷанги хонумонсӯз хотима гузошта шуд. Бо баробари имзои Созишномаи сулҳ Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот барқарор гашта, марҳилаи гузариш ба низоми нави сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ оғоз ёфт. Рукнҳои давлату давлатдории навин қабули Конститутсияи нав тариқи овоздиҳии халқ (аз 6-уми ноябри соли 1994) сурат гирифт. Чуноне, ки дар яке аз баромадҳои худ роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд: «Яке аз аввалин тадбирҳои муҳиме, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, қабул шудани Конститутсия ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар буд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар миқёси собиқ давлати абарқудрат яке аз аввалинҳо шуда, бо азму иродаи мардуми кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон гардид.»
Минбаъд Конститутсияи мазкур тарзи раъйпурсӣ бо тағийроту иловаҳо (26-сентябри соли 1999, 22-июни соли 2003, 22-майи соли 2016) тому комил карда шуд. Мувофиқи он амалишавии ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҷоизи зикр аст, ки дар давоми мавҷудияти Истиқлолияти давлатӣ дар самти ташкил ва таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ, хеле корҳо ба сомон расидаанд. Шаш барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқии қабулшуда, аз қабили қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои мурофиавии ҷиноятй, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» боиси такмили сохтори судӣ гаштанд.
Мехоҳам зикр намоям, ки ғамхориҳои хосаи Пешвои маҳбуби миллат нисбати кормандони мақомоти судӣ дар бобати воҳиди иловагии корӣ, таъмини шароити зарурии моддиву техникӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоии судяҳо, давра ба давра афзудани музди меҳнат водор месозад, бо дарки баланди масъулият дар таъмини қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ҳисса гузорем. Дар ин ҷода гуфтаҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ (ноябри соли 2019) «Судяҳо ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат бояд шаъу шарафи судяро нигоҳ дошта, ваколатҳояшонро бо маҳорати баланди касбӣ анҷом диҳанд ва ба халқу Ватан содиқонаву беғаразона хизмат намоянд», чун дастурамали фаъолияти ҳар як судя хоҳад буд.
САИДШОЗОДА ЗАФАР САФАРАЛӢ,
И.В. РАИСИ СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД