Ваҳдати миллӣ муборак!
Ваҳдат — сарчашмаи саодат
Эмомалӣ Раҳмон
Бо арзи сипос, эҳтироми самимӣ ва як ҷаҳон таманниёт аз номи Роҳбарият ва кулли кормандони суди шаҳри Хуҷанд ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати «24-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ» — ягонагиву якдилии мардуми шарафманди Ватани маҳбубамон сидқан табрик ва муборакбод менамоям.
Тантанаҳои идонаи Ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳи комил ва дўстиву рафоқати ногусастании мардуми шарифи кишвар, ки аз файзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ба миллати куҳанбунёди тоҷик насиб гардидааст, маҳз бо шарофат ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Дар чунин рўзҳои нек ба Шумо сиҳатмандиву сабаландӣ, бахту саодати накў, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои беназири хизматиро таманно намуда, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромии абадӣ ва ободиву пешравиҳоро орзумандам.
Иҷрокунандаи вазифаи
Раиси суди шаҳри Хуҷанд,
Саидшозода З.С.