ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ
Забони ҳар халқ таҷассуми фарҳангу маданият ва расму оинҳояш мебошанд. Бо тавассути забон мардум афкору мақсадҳои худро баён мекунад.
Дар раванди давлатдории миллӣ бошад забон нақши бузурги бунёдгароӣ мебозад. Забони тоҷикӣ бо шарофати истиқлолият ва ваҳдату ягонагӣ дар таҳкиму густариши давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон мавқеи сарнавиштсозӣ дорад. Ҳанўз дар қарнҳои гузашта аҷдодони мо барои ҷовидон мондани забони тоҷикӣ талошҳо намудаанд. Ин муборизаҳои онҳоро дар даврони соҳибихтиёрӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият дода, онро дар арсаи байналхалқӣ соҳиби эътибор гардондаанд.
Дар минбарҳои ҷаҳонӣ нахустин бор бо забони тоҷикӣ сардори давлат сухан гуфта бо ин хотиррасон карданд, ки ин забон – забони давлати миллати куҳанбунёди соҳибтамаддун аст.
Мо ифтихор мекунем, ки чунин роҳбари дилсўз барои эҳёи забон поягузории давлати мустақил ҷоннисориҳо дошта, моро ҳам ба ин роҳ ҳидоятгарӣ менамоянд.
Савриддинзода А.О., судяи суди шаҳри Хуҷанд
Маҷаллаи «Моҳтоб» №8, 2019