НАВРӮЗ – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёитабор буда, аз қадимулайём дар қатори дигар идҳои мардуми тоҷикзамин, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешуд. Мафҳуми калимаи Наврӯз аз калимаи тоҷикӣ гирифта шуда, маънои “рӯзи нав”, «тоза” «рӯзи нахустин” буда, ин таҷлилу тантанаи иди баҳор ва сароғози соли нав аст, ки он ифодагари эҳёи табиат, бедоршавии набототу ҳайвонот мебошад.

Он ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ ё 21 марти солшумории мелодӣ рост меояд. Ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад, ки аз қадимтарин ва куҳантарин иди мардуми ориёитабор ба шумор меравад. Наврӯз таърихи хеле қадима дорад. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши онро дар давраи ҳукмронии шоҳаншоҳи пешдодӣ Ҷамшед нисбат медињанд. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон-рӯзи нав, рӯзи шодӣ, рӯзи бахшиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Тамоми мавҷудоти зинда дар ин вақт дубора эҳё мешаванд.

Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,

Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.

Омад-омади ин ҷашни бузурги аҷдодиро миллати тоҷик имрӯзҳо бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Наврӯз дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Одамон пеш аз ид хонаҳояшонро тоза менамоянд ва занҳо ба пухтани таомҳои миллӣ машғул мешаванд. Яке аз таомҳои миллӣ Суманак мебошад, ки он ифодагари ин ҷашн аст. Дар рӯзи ид одамон бо либосҳои идона вориди ҷашнгоҳ мешаванд ва дастархони идона ташкил медиҳанд. Занҳо хони идонаро бо нозу неъматҳои «ҳафт сину ҳафт шин” оро медиҳанд. Бачаҳо бошанд, ба ҳар гуна бозиҳо машғул мешаванд. Ҳамин тавр, имрӯзҳо ин ҷашни аҷдодӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон бо як шукуҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.

Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бениҳоят бузург мебошанд. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукуҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузории бошукуҳ, таҷлил менамоем.

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  Аслонзода Сорбон Низомиддин