26-уми октябр — Рӯзи кормандони мақомоти суд

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои наздик 29-солагии қабули онро ҷашн мегирем, амали гардидани ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ пешбини намудааст. Дар асоси ин принсии шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба таври мустақил ва дар ҳамкории байниҳамдигарӣ фаъолият мекунанд. Бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мӯхртарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судй дар ҷомеа торафт таҳким ёфта, суд вазифаи муҳими давлатиро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ инсон ва хуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳоро таъиин менамояд.

Ин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолй Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судй, беҳтар намудани таъминоти моддию техникии мақомоти судй, такмили қонунгузории соҳа ба хотири баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқй дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тадбирхри муҳиму мушаххасро роҳандозиву татбиқ кардааст. Аз ҷумла, барои рушду тах,кими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки он барои пешрафти соҳа, баланд бардош­тани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурй барои баррасй ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судй, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судй нақши муҳим дорад.

Дар ин радиф бояд гуфт, ки фаъолияти мақомоти судй дар мамлакати мо, аз ҷумла Суди шаҳр, ки ҷузъи ҷудонашавандаи Мақомоти судии кишвар аст, ба ҳифзи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, манфиати давлату ҷомеа ва шаҳрвандон равона карда шудааст. Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки вазифаи асосии давлат ҳангоми ташаккули ҳокимияти судӣ бунёди чунин сохтори судй аст, ки фаъолияташ басо шаффоф, озод, даотрасу адолатхох, мебошад, ки дар назди он тамоми шаҳрвандон баробарҳукуқанд. Дар як вақг бояд гуфт, ки боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти судй низ аҳамияти калон дорад.

Таъмини татбиқи принсипи адолатнокй дар истеҳсолоти судӣ басо ифтихору вазифаи масъулиятноки хар корманди мақомоти судй маҳсуб мешавад.

Нақш ва мавқеи ҳокимияти судй дар таъмини адолати иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.

Имрӯз барои пешбурди фаъолияти он ҳамаи заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Конститутсия барои ҳама ҳифзи судиро кафолат додааст, яъне шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва ташкилоту муассисаҳо ҳангоми халалдор шудани ҳуқуқу озодиҳояшон метавонанд бевосита ба суд муроҷиат намоянд ва суд дар асоси меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо ҳуқуку озодиҳои онҳоро ҳимоя мекунад.

Суд дар низоми мақомоти давлатӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатй унвон карда шудааст, ки он аз ҷониби судҳо ва аз номи давлат амалй гардида, адолати судиро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятй, гражданӣ, оилавй ва баҳсҳо вобаста ба мутобиқати санадҳои меъёрии хуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад ва танҳо суд метавонад шахсро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста, нисбати ӯ ҷазо таъйин намояд. Судя шахси мансабдоре мебошад, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин ва интихоб шудааст.

Дар ниҳоят бори дигар мехоҳем, ба андешаҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалй Раҳмон рӯ оварем, ки нисбат ба рушди низоми судии кишвар таваҷҷӯҳи коса зоҳир намуда, қайд кардаанд, ки “Фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалй намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва хуқуку озодиг ҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судй бовар намудааст ва сахдангорию бемасъулиятй дар иҷрои ин рисолат амали норавост».

Раиси Суди шахри Хуҷанд:               Ҳоҷизода М.М.