Парчами миллӣ — таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон
Дар асоси Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷудаст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.
Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми таърихи Шурои Олии Тоҷикистон ки дар он такдири ояндаи давлати миллӣ — давлати тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба суи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустин давлати соҳиб истиқлоламон –Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд.
Имруз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рузҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба хисоб мерафт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.
Ба хотири мақому манзаллати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рузи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида дар давоми як сол ба анҷом расид. Натиҷаи хамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 м., ки баландтарин дар ҷахон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30 м ва дарозии ё паҳноии он 60 м мебошад.
Хушбахтона бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ гардидан, ки он таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон арзёбӣ шудааст.
Коромўз-судя,
Аҳмадзода Марҳабо Аҳмад