Паёми табрикотӣ ба муносибати Рўзи байналмилалии оила

Суди шаҳри Хуҷанд фарорасии Рўзи байналмилалии оиларо ба аҳли сокинони кишвар самимона табрик ва таҳният менамояд.

Оила дар ҳама давру замон чун ҷавҳари ҷомеа мақому манзалати хосеро доро буда, ба шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дорад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».

Дар мазраи диле, ки муҳаббат парварида мешавад, устуворӣ, матонат ва фазилатҳои неки инсонӣ бояд шукуфон бошад.

Шаҳрвандони арҷманд, бигзор зиндагии обод, оилаи муттаҳид ва хушбахтона насибатон гардад. Ҳамеша саодати хонаводагӣ, меҳру муҳаббат, садоқат, вафодорӣ дар оилаи ҳар як хонавода пойдор бошад.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!