Паём – Раҳнамои миллат аст!

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи ҷумҳуриамон ирсол мегардад.

Рӯзи 26 декабри соли 2019 ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, ки санаи  ба кулли мардуми кишвар ироа гардид.

Дар толори  суди шаҳри Хуҷанд тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти кишвар, ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ ба таври мустақам пахш гардид, аз ҷониби роҳбарият, судяҳо ва корманони дастгоҳи суд ташкил карда шуд.

Инчунин, суруди миллӣ дар аввал ва анҷоми маҷлис аз ҷониби иштирокчиён озодона сароида шуд.

      Ин Паём ҳуҷҷатест, ки ҷомеаи моро ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад. Дар ҳақиқат, имрўз Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари рушдкунанда ва пешсаф эътироф шудааст, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.

Агар ба муҳтавои паём эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, ба муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахш барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд. Паём бори дигар Пешвои миллати моро ҳамчун як сиёсатмадори борикбин, сиёсатмадоре, ки такя ба воқеият мекунад, нишон дод.