МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНУВОН – 8 МАРТ ДАР СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Дар толори маҷлисгоҳи бинои суди шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии бонувон – 8 март бо иштироки Раиси суд, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои идона ва рӯҳияи баланди эҳтиром ба мақому манзалати зан-модар доир шуд.

Маҷлиси тантанавиро Раиси суди шаҳри Хуҷанд Мирзоҳомидзода Диловар ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аз нақши арзишманди бонувон дар ҷомеа, саҳми онҳо дар таҳкими адолати судӣ, тарбияи насли наврас ва устувории оила ёдовар гардид. Қайд карда шуд, ки занон ҳамчун нерӯи созанда ва тарбиятгар дар пешрафти ҷомеа мавқеи муҳим доранд ва фаъолияти софдилонаву масъулиятшиносии онҳо дар низоми судӣ шоистаи таҳсин мебошад.

Раиси суд ба муносибати фарорасии иди 8 март тамоми кормандон-бонувони судро самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо ва аҳли хонаводаашон сулҳу оромӣ, хушбахтиву саодат, рӯзгори пурфайзу пурнишот, тандурустӣ ва бурдбориҳои нав дар фаъолияти касбӣ орзу намуд. Дар анҷоми суханронӣ ба бонувон туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, муовини якуми раиси суд Раҳмон Ҷӯрахон Қурбоналӣ, муовини раиси суд Сафарзода Файзиддин Давлат ва дигар судяҳои суди шаҳри Хуҷанд зимни баромадҳои худ бонувонро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик намуда, ба ҳар хонадон сулҳу субот, меҳру вафо, файзу баракат ва рӯзгори ободу осуда таманно карданд.

Маҷлиси тантанавӣ дар фазои гарму самимӣ анҷом ёфта, боз як нишонаи арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан дар ҷомеа ва қадрдонии заҳмати софдилонаи онҳо дар фаъолияти судӣ гардид.