Истиқлолият худшиносист

Даврони Истиқлолияти миллӣ шароит фароҳам овард, ки дар мамлакатамон марҳилаи барқарорсози сулҳу ваҳдати миллӣ, сиёсати хориҷӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бомувафафақият идома гирад.

Дар тамоми ҷабҳаҳо консепсияву барномаҳо тарҳрезӣ гашта, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ баҳри амалишавии ҳадафҳои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мусоидат намуд.

Дар баробари ин Истиқлолият ба ҷавонони мо имконотҳои фаровон овард. Омӯзиши илму дастовардҳои техникӣ бо туфайли сиёсати дурандешона ва таваҷҷўҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалй Раҳмон ҳаматарафа дастрас гардида ҷавонони моро дар ҷаҳонишавии илми муосир фаъол месозад. Бо иқдоми сарвари давлат эълонгардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳон табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз ҳамин мақсад сарчашма мегирад.

Илм ҷаҳонбинии моро васеъ намуда, ҳисси худогоҳии моро такомул медиҳад. Чун худшиносии мо бедор гашт ба қадри Ватан, кишвари ободу осуда мерасем, онро эҳтиёт  менамоем. Иҷрои ҳидояти  Пешвои миллат дар боби рушди таҳкими истиқлолияту ваҳдат болотарин дараҷаи худшиносии мо хоҳад гашт.

Маҳмадсаидзода Рустам, судяи суди шаҳри Хуҷанд