Истиқлоли Ватанро арҷ мегузорем

Ба Истиқлолияти давлатии мо, ки қариб 30-сола мешавад агар аз ҷиҳати дастранҷҳои муваффақгардидаи халқамон нигарем беихтиёр ҳисси саодатмандӣ касро фаро мегирад.

Садҳо иншоотҳо, роҳу пулҳо, неругоҳҳои хурду бузург ва такмилёбии соҳаи кишоварзӣ кишварамонро ба марзи озоду обод табдил додаанд. Ба иҷрорасии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» боз ҳам сабаби тараққиёти хоҷагии мамлакат дар самтҳои иқтисодиёту иҷтимоӣ мешавад.

Дар арсаи байналхалқӣ сиёсати «дарҳои кушода» чун маҳаки пешбаранда барои Тоҷикистон муносибатҳои некбинона ва ҳамкориҳои муштараки манфиатбахшро муҳайё месозад.

Ин пешравиҳо барои мардуми мо бо он ваҷҳ даст дод, ки ҳама якдилу яктан дар гирди сарвари ѓамхору кордон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ гардида дар якҷоягӣ дастуру супоришҳоро ба амал мебароранд. Ҳамин иттиҳод аст, ки соҳибихтиёрии мо нумўъ мегирад ва давлатдории миллатамон тақвият меёбад.

Аз он шодам, ки Тоҷикистони ба ҷон баробарам рўз аз рўз шукуфон мешавад ва ҳаёти мардум бо хуррамӣ пеш меравад, ки аз тавассути мустақилият аст. Пас, Истиқлолияти Ватанро арҷ мегузорем.       

 

Судяи суди шаҳри Хуҷанд

Савриддинзода А.О.