ХУСУСИЯТҲОИ КОРГУЗОРӢ БО ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ, ТАЪИНИ МУҲОКИМАИ СУДӢ ВА ОМОДАГӢ БА ОН

Парвандаи ҷиноятӣ рӯзи номнавис шудан ба судя таҳти имзо супорида шуда, дар ин бора ба дафтар ва варақаи баҳисобгирии оморӣ маълумот ворид карда мешавад.

Марҳилаи ба муҳокимаи судӣ омода намудани парвандаи ҷиноятӣ аз рӯзи қабули қарор дар бораи таъини муҳокимаи судӣ ва омодагӣ ба он оғоз мегардад.

Котиби маҷлиси судӣ уҳдадор аст бо қарори судя дар бораи таъини муҳокимаи судӣ шинос шуда, иҷроиши пурра ва саривақтии онро таъмин намояд.

Дар марҳилаи омодагӣ ба муҳокимаи судӣ котиби маҷлиси судӣ амалҳои зеринро анҷом медиҳад:

  • маълумотҳоро дар бораи таъини муҳокимаи судӣ бо ишораи насаб, ном ва номи падари судшаванда, вакт ва маҳалли маҷлиси судӣ ба рӯйхати парвандаҳои ҷиноятӣ, ки барои баррасӣ таъин шудаанд ворид намуда, дар даромадгоҳи суд насб менамояд ё дар сайти суд ҷой мекунад; дар ҳолатҳои зарурӣ машваратчиёни халқиро (машваратчии халқии эҳтиётӣ — бо парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки муҳокимаи судии онҳо муддати дарозро талаб менамояд) ҷиҳати иштирок дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ ҷалб намуда, ба онҳо барои шинос шудан бо парвандаи ҷиноятӣ шароит фароҳам меоварад; дар ҳолатҳои зарурӣ тарҷумонро ҷиҳати иштирок дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ ҷалб намуда, пешакӣ салоҳиятнокии ӯро муайян менамояд; ба     айбдоркунандаи     давлатӣ,     ҳимоятгар,     ҳимоятгари ҷамъиятӣ,    судшаванда,    ҷабрдида,    даъвогари    гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндагони онҳо барои шинос шудан бо парвандаи ҷиноятӣ шароит фароҳам меоварад; ариза, дархост, шикоят ва дигар муроҷиатҳои воридшударо бо иҷозати раисикунанда ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ намуда, нусхаи онҳоро ба дигар иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ирсол менамояд; дар   муҳлати   на   камтар   аз   панҷ   шабонарӯз   шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вақг ва маҳалли баррасии парвандаи ҷиноятӣ огоҳ намуда, ба онҳо мактуб, хабарнома ва даъватномаи судӣ ирсол менамояд; дар сурати кабул шудани кдрори судя дар бораи тағйир додани чораи пешгирӣ, ба судшаванда ва ҷабрдида нусхаи онро ирсол менамояд; дастхати шоҳидон, дастхати тарҷумон ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурии мурофиавиро пешакӣ омода менамояд; толори судӣ ё ҷойи дигари баргузории мурофиаи судиро пешакӣ омода менамояд; дигар чораҳоро оид ба тайёрӣ ба муҳокимаи судӣ бо супориши раисикунанда меандешад.

Котиби маҷлиси судӣ рӯзи оғози маҷлиси судӣ ва минбаъд то ба итмом расидани парвандаи ҷиноятӣ амалҳои зеринро анҷом медиҳад:

  • ҳозир шудани шахсонеро, ки бояд дар маҷлиси судӣ иштирок кунанд пешакӣ тафтиш намуда, дар ин бора ба раисикунандаи парвандаи ҷиноятӣ ахборот пешниҳод менамояд. Дар сурати ҳозир нашудани шахсони даъватшуда барои таъмини ҳозиршавии онҳо чораҳо меандешад; — бо супориши раисикунандаи парвандаи ҷиноятӣ амалҳои дигарро ба иҷро мерасонад.

Котиби маҷлиси судӣ баъди ба итмом расидани парвандаи ҷиноятӣ уҳдадор аст:

  • бо парвандаи ҷиноятӣ, ки аз рӯи онҳо судшаванда дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад, дар муҳлати на дертар рӯзи дигари ба итмом расидани баррасии парвандаи ҷиноятӣ нусхаи санади судӣ ё иқгибоси онро ба тавкифгоҳи тафтишотӣ ирсол намояд; дар муҳлати на дертар аз панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи ба итмом расидани баррасии парвандаи ҷиноятӣ ё боздошта шудани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ протоколи маҷлиси судиро таҳия ва имзо намояд; дар муҳлати на дертар аз панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи ба итмом расидани баррасии парвандаи ҷиноятӣ нусхаи санади судиро (ҳукм, таъинот, қарор) ба маҳкумшуда ё сафедшуда, дар ҳамин муҳлат нусхаи санади судӣ (ҳукм, таъинот, қарор) ба айбдоркунандаи давлатӣ ва ба истиснои парвандаҳое, ки дар маҷлиси пӯшидаи судӣ баррасӣ карда мешаванд ба ҳимоятгар, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо бо дархости шахсони зикргардида супорад; дар муҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ аз рӯзи воридшавӣ нусхаи шикоят ва эътирозҳои нисбати санади судӣ овардашударо ба маҳкумшуда ё сафедшуда супорад. Дар ҳамин муҳлат ҳимоятгар, айбдоркунанда, ҷабрдида ё намояндаи ӯ, инчунин даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳоро, ба шарте, ки эътироз ё шикоят ба манфиати онҳо дахолат кунад, огоҳ намуда, фаҳмонад, ки онҳо ҳукук, доранд, бо шикоят ё эътироз шинос шаванд ва ба таври хаттӣ эродҳои худро ба шикоят ё эътироз пешниҳод кунанд. Бо хоҳиши онҳо раисикунанда нусхаи эътироз ё шикоятро, ки тарафи дигар додааст, ба онҳо месупорад. Эродҳое, ки нисбат ба эътироз ё шикоят расидаанд, ба парванда ҳамроҳ мекунад.

Парвандаи ҷиноятӣ бояд дар муҳлати на дертар аз се рӯз аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ ба шуъбаи коргузорӣ супорида шавад.

Котиби маҷлиси судӣ дар бораи ҷараёни муҳокимаи судӣ, таъини муҳокимаи судӣ, мавкуф гузоштан, боздоштан, аз нав оғоз намудан ва натиҷаи баррасии парванда ва маводҳо барои ворид намудани маълумотҳои зарурӣ ба варақаи бақайдгирии оморӣ ба шахси масъули шуъбаи коргузорӣ маълумот пешниҳод менамояд.

Котиби маҷлиси судӣ парванда ва маводҳоро бо пайдарҳамии хронологӣ бо ришта дӯхта, саҳифагузорӣ ва рӯйхат карда ба пгуъбаи коргузорӣ месупорад.

Котиби маҷлиси судӣ ё котиби суд дар муҳлати 3 рӯз пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ё таъиноти суди марҳилаи якум  аз рӯи «Дастурамал дар бораи тартиби ягонаи қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, ҳал намудани ариза, хабар ва дигар маълумотҳо дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо» шакли 6-ро ба маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ
ирсол намояд.

Коргузорӣ бо парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ тибки ҳамин Дастурамал анҷом дода шуда, дар дафтари алоҳида ба қайд гирифта мешавад.

Нисбат ба шахсе, ки қарори бекорнашудаи таҳкиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар хусуси қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ё қарор дар бораи радди оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳамон айбдоркунӣ вуҷуд дошта бошад, аризаи айборкунии хусусӣ бо мактуби тавзеҳотӣ ба айбдоркунандаи хусусӣ баргардонида мешавад.

Аз рӯи аризаҳое, ки хилофи талаботи моддаи 354 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар асоси моддаи 355 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои далхдори судя ҷиҳати баррасӣ қабул намудани аризаро рад шудаанд, нусхаи қарор бо ариза ва замимаҳои он дар суди марҳилаи якум дар рӯзи қабули чунин қарор ба аризадиҳанда баргардонида шуда, нусхаи аслии қарор, нусхаи ариза ва мактуби роҳбаладӣ дар бораи баргардонидани ҳуҷҷатҳо дар бастаи алоҳида нигоҳ дошта мешаванд.

Дар сурати таъин намудани парвандаи айбдоркунии хусусӣ ба маҷлиси судӣ дар варақаҳои омории шакли дахлдор, ки «Дастурамал дар бораи тартиби ягонаи қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, ҳал намудани ариза, хабар ва дигар маълумотҳо дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо» муқаррар менамояд, пур карда мешавад.

Аз Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон тибки тақсимоти рақамҳои бақайдгирии парвандаҳои ҷиноятӣ ба субъектони бақайдгирӣ (судҳо) ва баҳисобгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, рақами бақайдгирӣ гирифта мешавад. Варақаҳои омории шаклҳои дахлдор аз ҷониби судҳо ба Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида мешаванд.

                   «Дастурамал оид ба  коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»