Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат

Пешвои муаззами миллат дар ироаи Паёми навини худ ба аҳли маориф дастур доданд, ки назорати азхудкунии дониғҳои замонавиро пурзўр гардонда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносқ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Иттиифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ғолибони озмунҳоро аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд менамоянд. Дар мавсими истироҳати тобистонаи кўдакону наврасон тасмим мегирад, ғолибони озмунҳои фаннӣ, хонандагони лаёқатмандро ба истироҳатгоҳҳо ҷалб намуда, машғулиятҳои фанниро ба роҳ монанд.

Умуман, дар сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат дастгирии иҷтимоии кормандони маориф   ва илм, донишҷуён афзалият доранд ва ин  бартарият дар солҳои минбаъда низ  боқӣ мемонад.

Дар асоси дастурашон аз 1 сентябри соли 2020  музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, стипендияи донишҷўён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад. Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақогирони кишвар бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат аз 1 сентябри соли 2020  ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол ва нафақаи заминавқ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд  мегардад.

Масъалаи саломатии кормандон ва аъзои оилаи онҳо  дар ин меҳвар  қарор дорад. Ҳамасола қарори алоҳидаи  Ҳукумати мамлакат дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон қабул гардида, барои кўдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат ва кўдакону наврасони  болаёқат аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ истироҳати тобистона ташкил карда мешавад.

НАБИЗОДА НАРГИСА,

Судяи Суди шаҳри Хуҷанд

Маҷаллаи «Кайҳон» №1 январи соли 2020