Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 03 декабри соли 2025
Даъвогар Ҷ.Ш.М. бо аризаи даъвогии дар болозикршуда муроҷиат намуда, бо назардошти вайрон шудани муносибати оилавӣ ва мувофиқ наомадани хислатҳояшон ба ҳамдигар, аз ҳамдигар воқеъан ҷудо гардидаанд. Аз суд хоҳиш намудааст, ки талаби даъвояш қонеъ карда шуда, ақди никоҳашон, ки дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд аз санаи 21 августи соли 2019, таҳти №837 ба қайд гирифта шудааст, бе додани муҳлат барои оштишавӣ бекор карда шавад.
Даъвогар Ҷ.Ш.М. дар рафти мурофиаи судӣ аризаи даъвогиашро ҷонибдорӣ намуда, аз суд хоҳиш кард, ки аризаи даъвогӣ қонеъ карда шавад.
Намояндаи ҷавобгар Б.Ч.Д.–Р.П.Ғ. дар мурофиаи судӣ аризаи даъвогиро эътироф карда, аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи даъвогӣ қонеъ карда шавад.
Маводҳои парвандаи оилавиро омӯхта, баёноти даъвогар ва намояндаи ҷавобгарро шунида, далелҳои пешниҳоднамудаи даъвогарро таҳти муҳокимаронӣ қарор дода, суд ба чунин хулоса омад.
Раванди мурофиаи судӣ аз баёноти тарафҳо, муайян карда шуд, ки муносибати оилавии онҳо пурра пароканда нашуда, барқарор шудани он имконпазир мебошад. Муносибати оилавии тарафҳо дар пояи нофаҳмиҳои беасоси даъвогар ва ҷавобгар, ки баръакс аз мавҷудияти меҳру муҳаббат шаҳодат медиҳад, тезу тунд гардида, ҳоло вайрон нашудааст.
Ваҷҳҳои дар аризаи даъвогӣ овардашуда, асоси қонеъ кардани даъво намебошанд.
Аз ин рӯ, он вазъият ва асосе, ки даъвогар Ҷ.Ш.М. дар аризаи даъвогии худ баҳри бекор кардани ақди никоҳи хеш ба суд манзур кардааст, ба талаботҳои қонуни оила ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба бекор кардани ақди никоҳ” ҷавобгӯ намебошанд, суд дар асоси талаботи моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри пойдории оилаи тарафҳо, ба хулоса омад, ки дар ин қисмат талаботи аризаи даъвогии даъвогарро рад намояд.
Дар натиҷа, бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 03.12.2025 сол даъвои Ҷ.Ш.М. ба љавобгарии Б.Ч.Д. оиди бекор кардани ақди никоҳ рад карда шудааст.
Судя Раҳимзод С.К.
Суди шаҳри Хуҷанд 