Аёдати Рамазонӣ
Дар арафаи Иди Саиди Фитр, ки муҳимтарин фазилати он бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва бо амалҳои хайру савоб истиқбол гирифтани ин ҷашн мебошад ва дар радифи сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз аз ҷониби Роҳбарияти суди шаҳри Хуҷанд бо мақсади тақвият додани кўмакҳои хайриявӣ ба ятимону шахсони имконияташон маҳдуд, беморону барҷомондагон, бепарасторон ва дигар шахсони эҳтиёҷманд ба се нафар оилаҳои камбизоат кўмаки яквақтинаи маводи хўрока аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, макарон, тухм, ва шакар ёрмандӣ намуданд.
Шахсони аёдаткарда шуда шукронаи диёри хеш, сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқолияти давлатӣ намуда, барои дастгирӣ арзи сипосгузорӣ намуданд.