Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Ҷашни Наврўзи байналмилалӣ дар суди шаҳри Хуҷанд
«Наврўз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тўли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз — Иди баҳор ва Соли нави аҷдодӣ аст. Наврӯз — ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми тоҷик ва эронинажод, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ, яъне, 1-уми моҳи ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд.
Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст».
Воқеан ҳам, Наврӯз ҳамчунин ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст. Агар ба самти иҷтимоӣ-иқтисодии Наврӯз назар афканем, он ба пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии халқҳои эронинажод дар асрҳои 7-3 пеш аз мелод нисбат дода мешавад.
Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиаамон — Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тӯли асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонад.
Масъалаи ҷаҳонишавии «Наврӯз» бо ташаббуси Тоҷикистон ва якчанд кишвари ҳавзаи Наврӯз ҳанӯз соли 2010 ба вуқӯъ пайваст. Дар баробари ин, тибқи муқаррароти Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ «Наврӯз» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабти ном шуд. Номинатсияи «Наврӯз» бори аввал соли 2009 дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт шуд.
Ҷашни Наврӯз 23-юми феврали соли 2010 дар 64-умин Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 13 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад.
Бо пешниходи Асосгузори сулху вахдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон ва дастгирии мамлакатхои дигар Созмони Милали Муттахид дар Ассамблеяи генералии худ карор кабул намуд, ки Наврузи Ачам хамчун чашни байналмилали эътироф шуда, чихати тачлили шоистаи он тадбирхо амали мегарданд. Ин тасмим аз он шаходат медихад, ки дар катори дигар арзишхои мукаддаси миллии мо Наврузи фархунда, ки аз замонхои шох Чамшед сарчашма мегирад, ба хазинаи бойю гании тамаддуни чахони ворид гардида, обруи Ватани азизамон Точикистонро дар аксои олам баланд мебардошт.
Санаи 20 март дар толори суди шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалї бо иштироки кормандони суди шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур Раиси суди шаҳри Хуҷанд кулли кормандон ва дар шахсияти онҳо аҳли пайвандонашонро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона муборакбод намуда, барояшон саломативу дарозумрӣ ва сарбаландиву нишоти зиндагиро таманно намуданд.
Наврӯзи ҷаҳонӣ бароятон мубораку фархунда бод!