Табрикоти Наврўзии Раиси Суди шаҳри Хуҷанд ва кулли кормандони суд ба мардуми Шарифи Тоҷикистон

Аз номи кулли кормандони Суди шаҳри Хуҷанд тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии наврўзи байналмилалӣ, ки бо қадамҳои баҳорона ба табиати куҳандиёрамон ҳусни нав, ба хонадони ҳар як кишварамон шодиву нишот ва файзу баракот, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб ҳадя меорад, муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, саодати рўзгор ва фатҳи қуллаҳои азими меҳнатиро дар ҷодаи роҳбарию раҳнамоӣ таманно дорем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки «Наврўз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат ва гардише дар руҳу ҷони одамон падид меоварад.»

Дар сиёсати фарҳангии Сарвари давлат Наврўз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрўз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондўстӣ, рамзи дўст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст. Ҷашни Наврўз таблиғгари некӣ, рўшноӣ, адолат, сулҳу ваҳдат буда, ба инсонҳо ободкориву созандагӣ, накўкорӣ ва хайрхоҳӣ меомўзонад, ҳидоятгари гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек аст.

Бо нияту орзуҳои нек аз номи боз ҳам бо иди ҷаҳонӣ Наврўзи Аҷам табрику таҳният гуфта, бароятон рўзгори фаровон ва пирўзиву хушиҳои зиндагиро таманно дорем. Бигзор файзу баракати Наврўз ба зиндагиатон рангу таровати тоза бахшида, дастархонатонро пур аз нозу неъмат гардонад!

Бо камоли эҳтиром, Раиси суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода М.Р.