Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 24 феврали соли 2022

Тавре ҳамагон воқифанд, чаҳор моҳ қабл ду сокини шаҳри Хуҷанд Муйдинҷон Тоҷибоев ва Мӯҳсинҷон Тоҷибоев бар хи-лофи талаботи моддаи 105-и Кодекси тандурустӣ амал карда, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандон аз муоинаи ҳатмии тиббӣ нагузашта, талаботи қоидаҳои санитарию эпидемиологиро дағалона вайрон карда, санаҳои 3-юм ва 4-уми декабри соли 2021 аз намояндаҳои ширкати «Устувор-2017» 90 сар мурғи хоми истеҳсоли Федератсияи Россияро харидорӣ намуда, дар ҳуҷраи махсус, дохили зарфҳои оҳанини дорои бактерияҳои «Эколи», «Протея Вулгарис» ва дигар микрофлораҳои зараровар аз яхбандӣ об карда, дохили зарфи пластикӣ, дар шароити ғайрисанитарӣ бо истифодаи хамира аз омехтаи помидор ва қаланфури булғории хушкшуда коркард намуда, дар нуқтаи савдои машҳур бо номи «Пирашкаи Ленин» ва нуқтаи савдои алоҳида бо номи «Мураи ҷойдорӣ» (воқеъ дар шафати бинои №77-уми хиёбони И.Сомонӣ) бо истифодаи тафдонҳо пухта, ба мизоҷон пешниҳод мекунанд. Дар натиҷаи кирдорҳои ҷинояткоронаи Муйдинҷон Тоҷибоев 40 нафар ва Мӯҳсинҷон Тоҷибоев 21 нафар шаҳрванд аз истеъмоли мурғи «Грил»-и дар ҳолати ғайрисанитарӣ омодашуда, заҳролуд гардиданд. Аз ин рӯ, дар асоси ҳолатҳои зикргардида суд кирдори Муйдинҷон ва Мӯҳсинҷон Тоҷибоевҳоро бо моддаи 207 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст, банду баст намуд. Парвандаи ҷиноятии мазкур 24 феврали соли 2022 дар бинои маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии вилояти Суғд баррасӣ гардида, бо хукми суди шаҳри Хуҷанд Тоҷибоев Муйдинҷон ва Тоҷибоев Мӯҳсин дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 207 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо бо ин қисми модда ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати як сол бо нигоҳ доштани 30 фоизи музди меҳнат ба фоидаи давлат дар ҷойҳое, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ноҳияи истиқомати судшавандагон таъин карда шудааст. Судяи суди шаҳри Хуҷанд Қосимӣ С.С.