Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 23 декабри соли равон дар тамоми корхонаю муассисаҳо ташкилоту идораҳо новобаста аз шакли моликияташон тамошои якҷояи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифт.

Ҳамзамон дар маҷлисгоҳи Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Раиси суд, муовинон, судяҳои суди шаҳри Хуҷанд ва кормандони масъули дастгоҳи суди шаҳри Хуҷанд,  ҷамъ омада, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо таваҷҷӯҳ тамошо намуданд.