ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ

18 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои дар соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъйингардида мулоқот намуданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва Ёқубзода Мирҳаёт ба вазифаҳои муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Восидиён Фарҳод бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъйин карда шуд.
Сардорони раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва дигар раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентии мазкур аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба таъйин гардиданд.
Ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокуророни ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Ховалинг, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони собиқадору соҳибтаҷриба таъйин шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъйингардида аз мушкилоту камбудӣ ва қонуншиканиҳо дар сохторҳои зикргардида ёдовар шуда, аз камбудиҳои ҷойдошта дар системаи идораи бонкӣ, бурдани назорати ҷиддии прокурорӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо дар самти замин, роҳ надодан ба қочоқи молу маҳсулот, мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб мисолҳои мушаххас оварда, иҷрои ҳатмии ислоҳи камбудиҳоро дар муҳлатҳои майян талаб намуданд.