ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Санаи 04.10.2024 дар маҷлисгоҳи суди шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баргузор гардид. Нахуст И.в. Раиси суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷ.Қ. кулли кормандонро ба муносибати ин санаи пурифтихори таърихи навини давлатдории Тоҷикистон, ки самараҳои неки даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбанд, табрику шодбош гуфтанд.

Инчунин, судяи суди шаҳри Хуҷанд Саидмухторзода Ш. ва Иброҳимзода Н.А бо баромадҳои пурмуҳтаво маърўза намуда, оиди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Забони давлатӣ-омили ҳастии миллат

Ба ҳайси кишвари соҳибистиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикиро забони ягонаи давлатии худ эълон кардааст. Аз ин рӯ, дар моддаи 2 Конститутсия муқаррар шудааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ҳифзи забони он мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ дар посдории забони давлатӣ низ нақши бориз дорад. Он забони модариро ба шоҳроҳи инкишоф бароварда, имконият фароҳам овард, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Ин чунин маъно дошт, ки дар кишварамон тамоми фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, моддӣ ва маънавию маърифатӣ ба забони тоҷикӣ сурат гирад.

Дар ҳар маърӯзаву суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ аён мегарданд. Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат ҳанӯз 21 июли соли 2009 зикр намуда буданд, ки «забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб мешавад».

Дар ин як ҷумла сухан аз арзиши миллӣ, пояи давлатдории миллӣ, нишони возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи халқи тоҷик будани забони тоҷикӣ меравад.

Дар баробари ин, мояи ифтихормандии мост, ки бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардону нобиғаҳо, аз ҷумла Рўдакиву Фирдавсӣ, Шайх Аттору Ҳаким Саноӣ, Анварию Хоқонӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар дурри макнуни сухан суфта, осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд, ки мо, ворисон онро бо осонӣ ва бе луғат мехонему мефаҳмем.

Дар даврони ташаккули худ забони тоҷикӣ бисёр марҳилаҳои тўлонӣ ва мураккабу пурпечутобро тай карда, санҷишҳои сахту сангини таърихро паси сар намуда, имрӯз низ дар даврони истиқлолият ва бунёди давлати миллӣ рисолати худро ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ идома дода истодааст.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмоли умум берун мондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд».

Дар ҳамин замина бояд иброз дошт, ки шуур ва тафаккури инсон тавассути забон шакл ва вусъат мегирад. Ба ибораи дигар, забон аломатҳои зоҳирӣ, ҷиҳати моддии шуур ва тафаккур ба шумор меравад.

Дар замони мо равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дастовардҳои босуръати илму техника ва технологияҳои навин, дар байни аҳли ҷомеа бештар нуфуз пайдо кардани шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ба забони давлатӣ низ таъсир гузошта, барои рушду инкишофи табиии он монеаҳо низ эҷод мекунад. Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз дар забони тоҷикӣ ҳангоми истифодаи истилоҳу иқтибосот қолабҳои муайяни калимаю ибора ва истилоҳсозӣ, ки ба табиати забон мувофиқ бошанд, на ҳама вақт ба инобат гирифта мешаванд.

Роҷеъ ба ин гуфтаҳо, Пешвои муаззами миллат дар робита ба гиромидошти забони модарӣ таъкид намуданд, ки «мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем». Дар ҳақиқат, дар забони модарӣ ҳамчун дар оинаи пурҷило симои миллат ва тамоми дастовардҳои маънавии он инъикос мегардад ва аз ин рӯ, дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва пок нигоҳ доштани он зарур мебошад.

Ҳамзамон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта, ҷиҳати баланд бардоштани устувории он асоси қонунӣ гузошта шуд.

Аз ин ҷост, ки барои татбиқи қонуни нав аз мақомоти давлатӣ сар карда, то муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд ва дар садади иҷро қарор доранд.

Дар робита ба ин, 30 июни соли 2021 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ба тасвиб расид, ки имрӯз мавриди амал қарор дорад.

Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бевосита бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду марҳила ҳуҷҷатҳои барномавӣ ҷиҳати ташаккул ва рушди забони давлатӣ қабул карда шуданд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 тасдиқ гардиданд.

Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон қабул гардида, дар рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.

Ҳамин тариқ, дар охир қайд карданӣ ҳастам, ки вазифаи ҳар фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро, бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.

 

 Судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд    Иброҳимзода Н.А.