СОЛЕ КИ НАКӮСТ АЗ БАҲОРАШ ПАЙДОСТ

Маҳз, бо ибтикори Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Бояд зикр кард, ки Сарвари давлати мо аз рӯзи аввали сари қудрат омаданаш баҳри ба даст овардани сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ хизматҳои зиёде кардааст ва сулҳофарӣ яке аз сифатҳои асосиашон мебошад. Маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ расид ва дар ниҳоят Сулҳ,

Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии тоҷикон мафҳумҳои азиз барои ҳар фарди Тоҷикистон гардид. Халқи азизамон хеле хуб арзёбӣ мекунад, ки «Давлат ҳама з — иттифоқ хезад…», ки ин дурдонаи маънии халқамон тайи чандин қарнҳо аз насл ба насл оа мерос гузаштааст ва ифшогари афкори халқи қадимаи мост. Ҳамин аст, ки бузургтарин дастоварди таърихии халқи мо дар садсолаи сипаригардида, ки ба тавассути тифоқӣ насибамон гардид, ин истиқрори сулҳи комилу тақцирсоз дар Точикистони азизу соҳибистиқлол мебошад. Ҳамин Ваҳдату оштии миллӣ буд, ки кишвари тозаистиқлоли моро аз вартаи фаноӣ наҷот дод. Маҳз Ваҳдати миллӣ ба сифати як шакли зуҳури андешаҳои миллӣ дар пойдории халқу кишвари мо нақши калон бозид. Маҳз, ана ҳамин андешаҳои миллӣ, миллати моро аз имтиҳони таърих сарбаландона раҳоӣ бахшида, ба соҳили умеду орзуҳо сарбаландона расонид. Бояд хотирнишон кард, ки ақлу заковати азалӣ, ваҳдатпарастиву бахшиданҳо ва ниҳоят ба дарки асосии воқеъият расидан моро аз вартаи ҷудоӣ раҳо намуд ва сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт ва дар кишвари мо Ваҳдату ҳамдилиро пойдор гардонд. Дар ин роҳ теша бар решаи ҳамаи фитнаангезону сияҳдилон ва ҳасудони миллати кишвари мо зад. Имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба раванди музокироти сулҳи тоҷикон, ки аз 5 апрели соли 1994 шурӯъ шуда буд, анҷоми нек бахшид. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин Созишнома аҳамияти ҳукуқӣ доштани Вахдати миллист, ки он барои риоя ва химояи хуқуқу озодиҳои ҳар фарди кишвари мо нақши тақдирсозро дорад. Ҳамин аст, ки омади сулҳу пойдории Ваҳдат дар Тоҷикистони мо ба пойдории амният дар минтақа, ба нестӣ расидани таҳдиду харобкориҳо заминаи лозимаро гузошт.

Судяи суди шаҳри Хуҷанд

Дустзода М.Т.