Рўзе, ки ҳама дар орзуяш будем
Санаи 9 сентябр дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи наверо боз намуд. Имрўзҳо халқи меҳнатқарину сулҳофари тоҷик дар зери ливои сулҳу дўстӣ, ваҳдати миллӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Цумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам мустаҳкам намудани пойдевори давлати соҳибистиқлол баҳри шукуфоии он заҳмат мекашанд.
Истиқлолият ин орзуи ҳазорсолаи миллати тоҷик буда, ба осонӣ ба даст наомадааст. Ин неъмати бузург ба мо имкон фароҳам овард, ки соҳиби давлат, миллат, забон ва парчаму нишони хеш гардем. Ҳамин зайл дар харитаи ҷаҳон номи Тоҷикистон сабт гардиду давлати мо дар қатори дигар кишварҳо дар СММ соҳиби як овоз шуд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал то ба имрӯз пайваста талош менамояд, ки пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро мустаҳкам намуда, барои рушди тамоми соҳаҳо шароити мусоид фароҳам орад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои муаззами худ дастовардҳоеро соҳиб гардид, ки назир надорад. Қадамҳои устувору баъдии давлати соҳибистиқлоламон барои ободиву шукуфоӣ, таъмини амнияти кишвар ва зиндагии шоистаи мардум заминаҳои устувор гузошт. Чуноне Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш қайд намуда буданд, «Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаи нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем».
Имрӯзҳо мақомоти судӣ дар асоси қонунҳои дахлдор ва фармону дастурҳои Пешвои — миллат фаъолияташро ба роҳ монда, самтҳои афзалиятноки кори худро бо назардошти вазъи воқеии қонуният ва таъмини адолати судӣ ба роҳ мондааст.
Баррасии холисонаю ҳаматарафаи парвандаҳо ва қабули боадолатонаи ҳалномаву ҳукмҳо яке аз вазифаҳои калидиест, ки аз тарафи мақомоти судӣ риоя ва иҷро карда шуда истодаанд.
Иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» зимни баррасии парвандаҳо дар мадди назар буда, роҳ надодан ба беадолатиҳо ва таъмини волоияти қонуну адолати судӣ зери назорати қатъй мебошад.
Ҳамаи ин дастовардҳо ва таъмини волоияти қонуну адолати судӣ туфайли санае насибамон гаштааст, ки номаш Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
С.Қосимӣ, Судяи суди шаҳри Хуҷанд